Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Апрель 9, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ, аз ҷумла таҷрибаҳои нави таълимӣ ва усулҳои муосири омӯзгорӣ 8 апрел дар мулоқоти Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва муовини Раиси Корпоратсияи таълимии техникӣ ва касбии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Адил Ҳамад Алзенедӣ баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар  медиҳад.

Муовини Раиси Корпоратсияи таълимии техникӣ ва касбии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Адил Ҳамад Алзенедӣ доир ба таҷриба ва усулҳои пешрафтаи таълими техникӣ ва касбии Подшоҳии Арабистони Саудӣ сухан гуфта, таклиф намуд, ки омӯзгорони тоҷик метавонанд дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ барои касбомӯзон аз рӯйи барномаҳои омӯзиши зеҳни сунъӣ машғулияти кӯтоҳмуддат гузаронанд. Ин пешниҳод, ки асосан ба баланд бардоштани сатҳи омӯзиши технологӣ ва малакаҳои инноватсионӣ равона шудааст, имконияти дастрасӣ ба таҷрибаҳои байналмилалӣ ва навовариҳои соҳаи зеҳни сунъиро барои омӯзгорони тоҷик фароҳам меорад. Он метавонад дар барномаҳои таълимии муассисаҳои Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ татбиқ шавад.

Дар анҷоми мулоқот байни роҳбарони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи таълимии техникӣ ва касбии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум имзо гардид.

Тибқи ин ҳуҷҷат дар назар аст, ки дар оянда конференсҳо, машваратҳо, форумҳо ва намоишгоҳҳои муштарак барои муаллимон, шунавандагон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ, инчунин таҳқиқот ва омӯзишҳои муштараки техникӣ, ки ба такмили сатҳи таълим ва баланд бардоштани сифати омӯзиш мусоидат менамоянд, гузаронида шаванд.

Инчунин барномаи мубодилаи сафарҳо байни мутахассисони соҳаи таҳсилоти касбӣ ва табодули таҷрибаю дониш дар заминаи барномаҳои омӯзишӣ баён карда шуд, ки имконияти дастрасӣ ба таҷрибаҳои байналмилалиро фароҳам меорад.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 9, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд