Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт

Апрель 2, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои масъулини самти таълими муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ дар мавзуи «Амалӣ намудани низоми кредитӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ» машварати омӯзишӣ оғоз гардид.

Тавре аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  машварат барои мутобиқ намудани низоми таҳсилот ба стандартҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва рушди салоҳияти касбии кормандони соҳа ба роҳ монда шуд. Ҳадафи асосии машварат такмили донишҳои назариявӣ ва амалии иштирокчиён оид ба татбиқи низоми кредитӣ ва истифодаи самараноки он дар раванди таълим мебошад.

Муовини якуми Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Баҳрулло Давлатзода иброз дошт, ки гузариш ба низоми кредитӣ яке аз марҳилаҳои калидӣ дар ислоҳоти соҳаи маориф буда, ба баланд бардоштани сифати таҳсил, шаффофияти раванди баҳодиҳӣ ва мутобиқати барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат менамояд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳо талабот ба мутахассисони рақобатпазир рӯз то рӯз меафзояд. Аз ин рӯ, татбиқи низоми кредитӣ ҳамчун яке аз унсурҳои муҳими низоми муосири таҳсилот имконият фароҳам меорад, ки донишҷӯён барномаи таълимиро мутобиқ ба қобилият ва шавқу ҳавас интихоб намуда, донишҳои амиқ ва малакаҳои амалӣ касб намоянд.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки низоми кредитӣ на танҳо барои донишҷӯён, балки барои омӯзгорон низ имконияти нав фароҳам меорад. Аз ҷумла, он ба такмили усулҳои таълим, истифодаи технологияҳои муосир ва баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносии омӯзгорон мусоидат мекунад.

Зимни машварат мутахассисони варзидаи соҳа ба иштирокчиён доир ба масъалаҳои муҳими марбут ба низоми кредитӣ, аз ҷумла принсипҳои асосии он, тартиби таҳияи барномаҳои таълимӣ, низоми баҳодиҳӣ, ҳисобу китоби кредитҳо ва ташкили раванди таълим дар шароити низоми нав маълумоти муфассали назариявӣ ва амалӣ пешниҳод менамоянд.

Иштирокчиён ҳамчунин имконият доранд, ки тавассути машғулияти амалӣ ва мубодилаи таҷриба донишу малакаҳояшонро такмил дода, роҳҳои ҳалли масъалаҳои мавҷударо баррасӣ намоянд. Ин раванд ба баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва татбиқи босамари низоми кредитӣ дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамояд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 2, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд