БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик конференсия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел дар Маркази минтақавии амният, бехатарӣ ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик бахшида ба татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020–2040)» конференсияи илмӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, зимни конференсия иброз шуд, ки рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати илмӣ ва маърифатии мамлакат ба шумор меравад. Он барои таҳкими иқтидори илмӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва пешрафти соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Изҳор гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ барои тақвияти фазои илмӣ, густариши ҳамкории таҳқиқотӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи муҳаққиқони ҷавон ба масъалаҳои мубрами илмӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Рӯй овардан ба таҳқиқоти илмӣ, хусусан ба таҳқиқи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисоди мамлакат ва таъмини рақобатпазирии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилаӣ мебошад. Зеро дар марҳилаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши илм ва тафаккури илмӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва бунёдӣ хеле муҳим аст.
Иштирокчиёни конференсия дар мавзуъҳои «Арзёбии экологӣ вобаста ба миқдори радионуклидҳо дар биомуҳит ва мониторинги вазъи радиатсионӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон», «Имконияти коркарди маъданҳои торийдори Тоҷикистон», «Ба даст овардани масолеҳи композитӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ» оид ба имконияти истифодаи захираҳои маҳаллӣ дар истеҳсоли масолеҳи муосири композитӣ», «Сироятҳои зоонозӣ: хусусияти сирояти коронавирус ва зукоми паранда» маъруза намуданд.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Ҳамкорӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Оксфорд баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи илм дар Институти биологии Помир конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ ҳамоиши илмӣ доир гардид
«10 РӮЗИ ИЛМ». Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоишҳои илмӣ оғоз шуданд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Доир ба ҷойгоҳи тамаддуни ориёӣ дар таърихи башар симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд доир мешавад
Оид ба равандҳои муосири яхбандӣ ва динамикаи кӯлҳои баландкӯҳ монография ба нашр расид
Оид ба сиёсишавии дин ва хатари он ба суботи иҷтимоӣ ва амнияти фарҳангии ҷомеа конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни ориëӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
НАВРӮЗ — РАМЗИ ДӮСТӢ ВА СУЛҲ БАЙНИ МАРДУМОН. Дар Институти астрофизика ҳамоиш баргузор шуд






