Дар Барселона имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Апрель 29, 2026 13:51

ДУШАНБЕ, 29.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Барселона Форуми 10-уми шарикии давлат ва бахши хусусӣ баргузор  шуд, ки дар он   имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Форум аз ҷониби Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) ташкил карда шуда, дар он муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадзариф Шарифзода сухан намуд.

Форум намояндагони ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои молиявӣ ва бахши хусусиро ба хотири баррасии масъалаҳои рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, истифодаи механизмҳои муосири маблағгузорӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ба ҳам овард.

Имсол мавзуи меҳварии форум «Ҷалби шарикиҳо: ташаккули шарикии давлат ва бахши хусусии устувор ва инфрасохтор барои ояндаи устувор» муайян гардид. Дар доираи он ҷаласаҳои пленарӣ баргузор шуда, коршиносон  муҳокимаронӣ намуданд, инчунин лоиҳаҳои муаррифӣ шуданд, ки ин ҳама ба ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор равона гардидааст.

Дар форум таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои устувории иқлимии инфрасохтор, истифодаи абзорҳои инноватсионии молиявӣ, аз ҷумла вомбаргҳои «сабз» ва маблағгузории омехта, инчунин татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар тамоми марҳилаҳои татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ зоҳир гардид.

Зимни мулоқоту суҳбатҳо дар доираи форум оид ба имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ислоҳоти ҷорӣ дар самти беҳтарсозии муҳити сармоягузорӣ ва рушди механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок, бахусус дар соҳаҳои энергияи барқароршаванда, инфрасохтор ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ маълумот дода шуд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 29, 2026 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид