Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Наврӯз бо риояи анъанаҳои миллӣ ҷашн гирифта шуд

Апрель 3, 2026 17:10

ДУШАНБЕ, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар гулгашти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоссаи баҳорӣ ва риояи анъанаҳои миллии наврӯзӣ ҷашн гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Сараввал меҳмонон хонҳои наврӯзии оростаи идораю факултетҳо ва Литсейи инноватсионии назди донишгоҳро тамошо намуданд.

Ректори Донишгоҳи технологӣ Зоир Раҳмонзода гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ эҳё ва густариши суннатҳои наврӯзӣ ба марҳилаи тоза ворид гардид. Бо сиёсати фарҳангпарварона ва ташаббусҳои созандаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои аслии Наврӯз аз нав эҳё гардида, ба яке аз рукнҳои муҳими худшиносии миллӣ табдил ёфтанд.

Бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат ҷашни Наврӯз аз доираи миллӣ берун рафта, ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шуд. Бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф намуд. Ин иқдоми таърихӣ боис гардид, ки имрӯз Наврӯз ҳамчун ҷашни сулҳ, дӯстӣ ва ҳамбастагии халқҳо дар бисёр давлатҳои ҷаҳон таҷлил карда шавад.

«Имрӯзҳо Наврӯз дар саросари мамлакат бо шукуҳу шаҳомати хоса, аз ҷумла бо усули «деҳа ба деҳа» таҷлил мегардад. Ҳадафи ин ташаббус таҳкими дӯстӣ ва ҳамбастагии мардум, эҳёи анъанаҳои миллӣ, рушди муҳити иҷтимоӣ ва ободонии маҳалҳо мебошад. Маҳз тавассути чунин иқдом мардум дар корҳои ободонӣ, тоза намудани муҳити зист, шинонидани дарахтон ва ҳифзи табиат саҳми фаъол мегузоранд»,-таъкид шуд дар ҷамъомад.

Дар чорабинӣ як зумра омӯзгорон бо нишони  «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», Ифтихорномаи Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодоне, ки соли равон рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намудаанд, бо 5000 сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ бо 10 000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин кормандони донишгоҳ бо Сипоснома ва Ифтихорномаи донишгоҳ барои меҳнати софдилона ва тарбияи насли наврас сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин чорабиниҳои варзишӣ ҷамъбаст ва ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Апрель 3, 2026 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар тантанаҳои наврӯзӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шарикони рушд иштирок намуданд
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббии шаҳри Турсунзода бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Наврӯз бо риояи суннатҳои миллӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд