Дар Душанбе паҳлуҳои гуногуни Устувонаи Куруши Кабир чун аввалин эъломияи ҳуқуқи башар баррасӣ гардид

Апрель 22, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 22.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. «Устувонаи Куруш — аввалин эъломияи ҳуқуқи башар» — таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он доираи васеи донишмандону олимон, нависандагон ва пажӯҳишгарони ватанӣ иштирок намуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки конфронс бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайравӣ ба сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуд.

Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода иброз намуд, ки Устувонаи Куруши Кабир аҳамияти илмӣ ва таърихии сатҳи ҷаҳонӣ дошта, аз ҷониби олимону сиёсатмадорони олам ҳамчун нахустин эломияи ҳуқуқи инсон эътироф гардидааст.

Бузургдошти Эъломияи Куруши Кабир ва бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон аз ҳадафҳои асосии конфронс арзёбӣ гардид.

Иштирокдорони конфронс дар мавзуъҳои «Ақидаҳои Устувонаи Куруш аз «Авасто» сарчашма мегиранд», «Куруши Бузург ва озодии дину эътиқод дар аҳди қадим», «Устувонаи Куруши Кабир — намоди адолат ва озодӣ», «Устувонаи Куруш — нахустин мабнои дунявият ва мардумсолорӣ» маъруза намуданд.

Бояд гуфт, ки 6 ноябри соли 2025 зимни иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» қатънома қабул гардид. Эъломияи Куруши Кабир соли 539 то милод тартиб дода шуда, соли 1879 дар Бобул, ҳозира ҳудуди Ироқ аз ҷониби бостоншинос Ҳурмуз Расом кашф гардидааст. Ин осори бостонӣ, ки бо хати мехӣ ва забони аккадӣ навишта шудааст, сиёсати инсондӯстонаи шоҳи ориёӣ Куруши II, ҳокими империяи Ҳахоманишиёнро инъикос мекунад, ки пас аз фатҳи Бобул сиёсат ва роҳи таҳаммулпазириро ба ҷойи зулму истисмор ва ғорат интихоб кард.

Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» доир ба Эъломияи Куруши Кабир иброз менамоянд: «Эъломия аз фарҳанги ориёӣ ва ақоиди инсондӯстӣ сарчашма мегирад ва нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст».

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Апрель 22, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид