Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа роҳбарони ниҳодҳои авиатсияи гражданӣ ва муовинони вазирони нақлиёти давлатҳои иштирокчии Кумитаи авиатсияи байнидавлатӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла бехатарии парвозҳо, сиёсат дар соҳаи нақлиёти ҳавоии байналмилалӣ, истифодаи фазои ҳавоӣ ва ташкили ҳаракати ҳавоӣ, ҷорӣ намудани санадҳои меъёрии байнидавлатии мувофиқашуда, стандартҳои байналмилалӣ ва қоидаҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Баргузории ин чорабинӣ дар шаҳри Душанбе мақоми Тоҷикистонро дар арсаи авиатсияи байналмилалӣ тақвият бахшида, имкон медиҳад, ки таҷрибаи кишвар дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ, инфрасохтори фурудгоҳҳо ва зиёд гардидани хатсайрҳо заминаи мусоиди фароҳам оварад.

Ёдовар мешавем, ки 20 ноябр дар шаҳри Москва дар Кумитаи авиатсияи байнидавлатӣ ҷаласаи 47-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Зимни ҷаласа бо қарори роҳбарони ҳайатҳо Раёсат дар Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.
Аз январи соли 2026 намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон — директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо қарори Шурои Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК/КБА) ба муҳлати 3 сол Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро роҳбарӣ менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК/КБА) мақоми доимоамалкунанда буда, барои амалисозии Созишнома дар бораи авиатсияи гражданӣ ва истифодаи фазои ҳавоӣ аз соли 1991 таъсис дода шуда, масъул мебошад.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид






