Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ панелҳои офтобӣ насб карда шуданд
ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон панелҳои офтобӣ насб карда шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Имрӯз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо як гурӯҳ олимону кормандон бо макони насби панелҳои офтобӣ шинос шуд.
Панелҳои офтобӣ аз ҷониби кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С. Умаров таҳия ва омода карда шудаанд.
Насби чунин таҷҳизоти муосир имконият фароҳам меорад, то муассиса бо неруи барқи тоза ва аз лиҳози экологӣ безарар таъмин гардида, ҳамзамон сатҳи истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ баланд бардошта шавад. Ин иқдом инчунин метавонад ҳамчун намунаи таҷрибаи пешқадам барои татбиқи технологияҳои «сабз» дар дигар муассисаҳои илмӣ ва соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ хизмат намояд.
Иброз гардид, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо мақсади сарфа кардани неруи барқ минбаъд дар тамоми биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои таълимие, ки сохта ба истифода дода мешаванд, бояд панелҳои офтобӣ насб карда шаванд. Вобаста ба ин аз ҷониби кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сохта, ба истифода додан ва насби панелҳои офтобӣ ба роҳ монда шудааст.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи илм дар Бадахшон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик конференсия баргузор шуд
Ҳамкорӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Оксфорд баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи илм дар Институти биологии Помир конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ ҳамоиши илмӣ доир гардид
«10 РӮЗИ ИЛМ». Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоишҳои илмӣ оғоз шуданд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Доир ба ҷойгоҳи тамаддуни ориёӣ дар таърихи башар симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд доир мешавад
Оид ба равандҳои муосири яхбандӣ ва динамикаи кӯлҳои баландкӯҳ монография ба нашр расид
Оид ба сиёсишавии дин ва хатари он ба суботи иҷтимоӣ ва амнияти фарҳангии ҷомеа конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни ориëӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид






