Дар Москва ҷаласаи Шурои соҳибкории Русияву Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 20 апрел дар шаҳри Москва ҷаласаи Шурои соҳибкории Русияву Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он масъалаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни минтақаҳои ду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин намояндагони доираҳои соҳибкории ду давлат доир ба таҷрибаи ҳамкорӣ бо вилояти Суғд изҳори андеша карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ҷаласаи Шуро вохӯрии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Сергей Катирин доир шуд. Ҷонибҳо аз ҳамкории Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуданд, ки рушди устувори муносибатҳои дуҷониба самараи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мебошад.
Дар ҷараёнӣ вохӯрӣ иброз гардид, ки дар вилояти Суғд беш аз 80 ҳазор гектар боғ мавҷуд буда, дар вақти мавсим ҳамарӯза то 1000 тонна маҳсулоти содиротӣ ба бозорҳои Федератсияи Русия интиқол дода мешавад.
Дар вохӯрӣ имконияти сармоягузории вилояти Суғд низ муаррифӣ карда шуд. Дар ҳошияи муаррифии имконият барномаи фарҳангӣ низ пешкаш гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад






