Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд

Апрель 9, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 09.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тақвият бахшидан ба рақамикунонии соҳаи андоз ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон, инчунин кам кардани таъсири омилҳои инсонӣ ва таъмин намудани баррасии саривақтии муроҷиатҳои андозсупорандагон Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли равон хизматрасониҳои нави электронӣ ҷорӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи андоз хабар доданд, ин хизматрасониҳо равандҳои андозбандиро сода, шаффоф ва дастрас гардонида, ба шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидорӣ имконият медиҳанд, ки ба маълумоти зарурӣ зуд ва боэътимод дастрасӣ пайдо намоянд.

Аз ҷумла, баррасӣ ва тасдиқи санади муқоисавии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба таври автоматӣ ва бе иштироки кормандони мақомоти андоз анҷом меёбад, ки равандро тезтар ва самараноктар гардонида, хатоҳои инсонӣ ва таъхирҳоро коҳиш медиҳад.

Ҳамзамон хизматрасонии саволу ҷавоб оид ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва уҳдадориҳои андозӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ ва шабонарӯзӣ фаъолият мекунад, ки ба андозсупорандагон имкон медиҳад ба маълумоти дақиқ ва боэътимод дар ҳар вақт дастрасӣ пайдо кунанд.

Бекоркунии воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ дар шакли электронӣ низ ҷорӣ карда шудааст, ки равандҳои ташкил ва идоракунии воҳиди алоҳидаи субъектҳои хоҷагидориро хеле сода ва шаффоф гардонида, вақти шаҳрвандонро сарфа мекунад.

Ин хизматрасониҳо бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ, таъмин намудани шаффофият ва самаранокии фаъолияти мақомоти андоз ба роҳ монда шудаанд.  Татбиқи ҳамаи ин хизматрасониҳо дар семоҳаи якуми соли 2026 пурра ба анҷом расида, ба андозсупорандагон имконият медиҳад, ки онҳоро дар ҳаёти амалӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ истифода намоянд.

АКС: Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 9, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд