ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд

Апрель 6, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 06.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Темурмалик шабакаҳои нави обтаъминкунӣ бунёд гардиданд, ки арзишмандтарин туҳфа барои сокинони ин ноҳия дар арафаи ҷашни фархундаи миллӣ маҳсуб мешавад. Дар ноҳия ду лоиҳаи марбут ба таъмини сокинон бо оби тозаи ошомиданӣ аз ҷониби соҳибкори саховатпеша Ҳабибулло Сулаймонов амалӣ гардид.

Тавре дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» сокинони маркази маъмурии ноҳияи Темурмалик — шаҳраки Баҳманрӯд, деҳоти Танобчӣ ва Гурдоварон, маҳаллаҳои Баҳодурон, Чашма, Заркамар, Гурондеҳ, Саидмуъминобод ва Танобчии боло иброз доштанд, онҳо солҳои зиёд аз норасоии об азият мекашиданд. Аз сабаби нарасидани об ҳатто имкони самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигиашонро надоштанд.

Инак, зиёда аз шаш моҳ мешавад, ки бо бунёди шабакаҳои нави обтаъминкунӣ ин масъала ҳал гардида, шароити зиндагии мардум боз ҳам беҳтар шудааст. Зиёда аз 30 ҳазор нафар аҳолии шаҳраку маҳаллаҳои номбаршуда бо оби босифати нӯшокӣ таъмин гаштанд. Акнун атрофи хонаҳои сокинони ин маҳаллаҳо ва қад-қади роҳҳои мошингардро дарахтони сабзу хуррам ва гулҳои рангоранги шукуфон зебу зиннат мебахшад, ки самари таъмини онҳо бо об аст.

Барои истифодаи сариштакоронаи об дар ҳар хона ҳисобкунакҳо насб карда шудааст. Таъмири иншоот ва таҷҳизот, пардохти неруи барқ ва дигар хароҷоти пойгоҳҳои обкаширо соҳибкори ватанӣ бар дӯш гирифта, тасмим гирифтааст, ки маблағи аз ҳисоби истифодаи об ҷамъоваришударо дар дигар корҳои ободонӣ сарф намояд.

Об аз дарёи Сурхоб дар ҳавзи дорои ғунҷоиши 7 ҳазор метри мукааб захира шуда, аввал такшин мешавад. Оби софшуда боз бо истифода аз таҷҳизоти муосир аз чанд марҳилаи поксозӣ мегузарад. Аввал ба 8 махзани оби дар нуқтаҳои гуногун сохташуда ва аз онҳо ба хонаҳои мардум интиқол меёбад. Тибқи нишондоди лоиҳавӣ, пойгоҳҳои барқии обкашӣ иқтидор доранд, ки дар як шабонарӯз обкаширо то ба 4500 метри мукааб расонанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик дар якҷоягӣ бо сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ мақсад доранд, ки ояндаи наздик боз 5 ҳазор сокинони деҳоти дурдасти ноҳияро дар масофаҳои то 12 километр бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намоянд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Душанбе – Темурмалик — Душанбе,

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 6, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст