Оид ба дипломатияи сулҳ ва таҷрибаҳои сулҳофаринӣ ҳамоиш баргузор гардид

Апрель 12, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 12.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел дар  Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Дипломатияи сулҳ ва таҷрибаҳои сулҳофаринӣ» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, хабар додан ба АМИТ «Ховар» аз ин институт.

Чорабинӣ дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик баргузор шуда, дар он аҳамияти сулҳ дар шароити муосир, мубодилаи таҷрибаҳои сулҳофаринӣ ва таҳкими ҳамкории илмӣ баррасӣ шуданд.

Директори институт Рустам Ҳайдарзода  иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳони пуртазоди кунунӣ масъалаи сулҳ ва субот ба яке аз арзишҳои асосии инсоният табдил ёфтааст. Низоъҳои минтақавӣ, буҳронҳои сиёсӣ ва таҳдидҳои амниятӣ ҷомеаи ҷаҳониро водор месозанд, то роҳҳои нави дипломатияи сулҳро ҷустуҷӯ намояд.

Дар ҳамоиш олимону муҳаққиқони ҷавон паҳлуҳои гуногуни дипломатияи сулҳ, аз ҷумла масъалаҳои таърихи ташаккули низоми сулҳ дар мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, нақши давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини амнияти минтақавӣ, таҷрибаи муқоисавии сулҳофаринӣ ва таъсири он ба сиёсати хориҷиро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин таҷрибаи Тоҷикистон дар раванди сулҳофаринӣ ва саҳми он дар ҳалли низоъҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамчун намунаи муваффақ арзёбӣ гардид.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати сулҳпарвар ва сулҳофар дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуда, саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан таъкид гардид. Гуфта шуд, ки сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дар самти таҳкими сулҳу субот, рушди ҳамкории минтақавӣ ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро ба яке аз фаъолтарин давлатҳо дар дипломатияи сулҳ табдил додааст. Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои об, иқлим ва амният ҳамеша бо руҳияи ҳамгироӣ ва сулҳпарварӣ баён мегарданд.

Ҳамзамон нақши Тоҷикистон дар таҳкими ҳамсоягии нек ва рушди ҳамкорӣ бо давлатҳои минтақа мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифт. Таъкид шуд, ки сиёсати «дарҳои боз» ва ҳамкории мутақобили судманд бо давлатҳои ҳамсоя ба таҳкими эътимод ва суботи минтақавӣ мусоидат мекунад.

Дар фарҷом иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки дипломатияи сулҳ на танҳо самти сиёсати хориҷӣ, балки зарурати ҳаётии ҷомеаи муосир мебошад. Тоҷикистон бо таҷрибаи ғанӣ дар ин самт метавонад ҳамчун пули эътимод байни давлатҳо ва минтақаҳо хизмат намояд.

АКС: Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 12, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба саҳми олимони ҷавон дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ панелҳои офтобӣ насб карда шуданд
Бахшида ба Рӯзи илм дар Бадахшон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик конференсия баргузор шуд
Ҳамкорӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Оксфорд баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи илм дар Институти биологии Помир конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ ҳамоиши илмӣ доир гардид
«10 РӮЗИ ИЛМ». Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоишҳои илмӣ оғоз шуданд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Доир ба ҷойгоҳи тамаддуни ориёӣ дар таърихи башар симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд доир мешавад
Оид ба равандҳои муосири яхбандӣ ва динамикаи кӯлҳои баландкӯҳ монография ба нашр расид