Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба вазорат.
Дар ҷаласа иҷрои «Барномаи миёнамуҳлати амали Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар солҳои 2024-2026 баррасӣ ва тасдиқ гардид.
Иштирокчиён ҷараёни амалисозии чорабиниҳои пешбинишуда, натиҷаҳои бадастомада ва масъалаҳои мубрами марбут ба идомаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатиро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамзамон аъзои шуро ва иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба татбиқи қадамҳои минбаъда пешниҳодҳоро иброз намуданд.
Инчунин нақшаи кори Шурои ҳамоҳангсозӣ барои нимсолаи дуюми соли 2026 ва нимсолаи якуми соли 2027 баррасӣ гардид. Ин масъала ҳамчун яке аз унсурҳои муҳим барои таъмини пайдарпайӣ ва ҳамоҳангии минбаъдаи чорабиниҳо дар самти ислоҳоти молияи давлатӣ арзёбӣ шуд.
Баргузории чунин ҷаласаҳо барои таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, баррасии мунтазами пешрафти ислоҳот ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолият дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ аҳамияти муҳим дорад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд






