Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Ваагн Хачатурян мулоқот намуданд

Апрель 21, 2026 22:30

ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/.  21 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши экологӣ дар Остона бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Ваагн Хачатурян мулоқот намуданд.

Зимни суҳбат атрофи доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак дар муносибатҳои ду кишвар ва ҳам вобаста ба рӯзномаи бисёрҷониба мубодилаи афкор сурат гирифт.

Президенти кишвари мо, аз ҷумла, изҳор доштанд, ки «муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Арманистон ба анъанаҳои деринаи дӯстию  ҳамкорӣ, эҳтиром ва эътимод ба якдигар асос ёфтаанд».

Дар идома ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию башарии миёни ду кишвар баррасӣ гардид.

Таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус, ба вазъият дар Ховари Миёна зоҳир карда шуд. Вобаста ба ин мавзуъ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеи устувори давлати моро дар ин масъала таъкид карда, изҳор доштанд: «Мо қотеъона ҷонибдори ҳалли осоиштаи ҳама гуна низоъҳо ва баҳсҳо бо истифода аз воситаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳастем».

Апрель 21, 2026 22:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд