Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд

Апрель 24, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи корхонаи Тоҷик глобал инвест ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд.

Коргоҳи истеҳсоли панҷараҳои оҳанин дар заминаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Заводи таҷрибавӣ–механикии шаҳри Норак бунёд ёфт. Иншооти нави саноатӣ барои наздик шудан ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — Саноатикунонии босуръати кишвар сохта шуда, дорои таҷҳизоту технологияи муосир мебошад.

Маҳсулот бо истифода аз хатҳои муосири технологӣ бо шаклу сифати хуб истеҳсол шуда, ҷавобгӯи стандартҳо мебошад.

Дар раванди боздид ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маҳсулоти корхона аслан барои мустаҳкамгардонии хатти сарҳад пешбинӣ шуда, насби осон ва истифодаи тулонии он кафолат дода мешавад.

Тавлиди чунин навъи маҳсулот, ки дар заминаи дастгирии Ҳукумати кишвар аз бахши хусусӣ ба роҳ монда шудааст, ҳаҷми зарурати воридотро коҳиш дода, аҳамияти муҳими иқтисодӣ дорад.

Тибқи нишондоди лоиҳавӣ корхона метавонад дар як шабонарӯз 1500 ва дар як сол зиёда аз 180 ҳазор дона панҷараи оҳанӣ истеҳсол намояд. Ин ҳаҷм имкон медиҳад, ки маҳсулот баробари таъмини талаботи дохил, ҳамчунин ба хориҷи кишвар содир карда шавад. Барои расидан ба ин ҳадаф таъсиси хатҳои нави истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст.

Зимни суҳбат бо Сарвари давлат роҳбари корхона Хуҷамурод Азимов уҳдадор шуд, ки 300 км масофаи сарҳади давлатиро бо чунин панҷараҳо таъмин намояд.

Дар корхона 30 мутахассис дар ду баст фаъолият мекунад, ки ҳамаи онҳо сокинони маҳаллӣ мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхона бо насби ҳисоби панелҳои офтобӣ 1,5 МВт неруи барқ истеҳсол мегардад ва насби онҳо барои 1,5 МВт дигар идома дорад. Бо ин иқтидорҳо корхона талаботи худро бо неруи барқ пурра таъмин менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти хатти нави истеҳсолӣ ба масъулин ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, баланд бардоштани сифати маҳсулот, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва ҷалби бештари мутахассисони ватанӣ дастуру тавсияҳо доданд.

Апрель 24, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии «Глобал Инвест»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак 8 иншоти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон агрегати №7-и Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи коркард беш аз 20 фоиз зиёд шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаҳои Обигарм, Себистон ва Лолагии шаҳри Ҳисор кӯдакистону муассисаҳои таълимӣ бунёд мегарданд
Бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар Хонаи китоби Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир шуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал иштирок намуданд