Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи ҳамлу нақл баррасӣ гардид

Апрель 13, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 13.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Табодули мол байни Тоҷикистон ва Эрон соли 2025 нисбат ба соли 2024 ба андозаи 28 фоиз ва дар се моҳи аввали соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 50 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён баён гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо раванди ҳамкорӣ байни ду давлат дар соҳаи ҳамлу нақл ва имконоти густариши минбаъдаи онро баррасӣ намуданд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз шарикони асосӣ ва боътимоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Азим Иброҳим аз раванди ҳамкорӣ байни ду давлат дар соҳаи ҳамлу нақл изҳори қаноатмандӣ ва зарурати суръат бахшидани иҷрои созишномаҳо ва тавсеаи беш аз пеши ҳамкориро таъкид намуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён иброз дошт, ки новобаста ба вазъи баамаломада дар Шарқи Наздик муносибатҳо байни ду давлати дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг дар оянда тавсеа ва тақвият меёбанд. Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеи давлат ва мардуми Тоҷикистон барои ҳамбастагӣ бо Эрон изҳори сипос намуд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 13, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд