Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд

Апрель 10, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Жиҷун вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории байниҳизбӣ, таҳкими робитаҳои дӯстона ва тавсеаи муносибатҳои судмандро баррасӣ намуданд. Иброз гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар заминаи эътимод, эҳтироми мутақобил ва шарикии стратегӣ рушд ёфта, барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Ҳамчунин ҷонибҳо доир ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ табодули афкор намуда, барои идомаи муколамаи созанда ва амалисозии ташаббусҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки таҳкими робитаҳои байниҳизбӣ метавонад дар тақвияти муносибатҳои байнидавлатӣ ва пешбурди манфиатҳои муштарак нақши муҳим бозад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Апрель 10, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид