Нигина Анварӣ: «Фонди махсуси навсозии системаҳои ирригатсионии Осиёи Марказӣ ташкил карда шавад»
ДУШАНБЕ, 13.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ зимни баромад дар ҷаласаи якҷоя ба хотири устуворӣ–ҳамгироии тадбирҳои мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ ва барқарорсозии замин ба манфиати таъсиси системаҳои устувории агроозуқаворӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирокчиёни конфронсро даъват намуд, ки Фонди махсуси навсозии системаҳои ирригатсионии Осиёи Марказӣ ташкил карда шавад.
Ҳамзамон Нигина Анварӣ ташаббуси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳидро оид ба тақвияти мониторинг ва пешгӯиҳо дастгирӣ намуда, пешниҳод намуд, ки аз иқтидори Маркази миллии пиряхҳо дар Тоҷикистон ҳамчун пойгоҳи боэътимод барои бунёди низоми минтақавии мониторинги хатарҳои агроиқлимӣ истифода бурда шавад.
Ба андешаи Нигина Анварӣ, ин тадбир ба хоҷагидорон имкон медиҳад, ки пешгӯиҳои воқеии хушксолӣ, обхезӣ ва дигар офатҳои хавфнокро дар реҷаи вақти воқеӣ дастрас кунанд, ки барои андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва кам кардани талафот аҳамияти ҳалкунанда дорад.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати кӯҳсор, ки зиёда аз 93%-и қаламравашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, дар хати аввали таъсири тағйирёбии иқлим қарор дорад. Мавқеи мо равшан аст: устувории кишоварзӣ ва озуқавории Осиёи Марказӣ ба ҳолати пиряхҳои мо вобастагии ногусастанӣ дорад. Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон ташаббускори эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март – Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо гардидааст. Барои мо ҳамгироии чораҳои иқлимӣ дар бахши кишоварзӣ вазифаи аввалиндараҷа барои таъмини ҳифзи захираҳои обӣ мебошад»,- афзуд Нигина Анварӣ.
Ба андешаи номбурда, Тоҷикистон манбаи зиёда аз 60%-и захираҳои обии минтақа мебошад. Аммо дар натиҷаи обшавии босуръати пиряхҳо мо аллакай зиёда аз ҳазор адад пиряхҳоро аз даст додаем, ки ин амнияти озуқавории на танҳо ҷумҳурии мо, балки ҳама кишварҳои поёнобро низ зери таҳдид қарор медиҳад.
Тибқи пешгӯиҳо, то соли 2050 ҳаҷми пиряхҳо боз 30% кам мешавад, ки ин кишоварзии обёришавандаро дар масоҳати зиёда аз 8 миллион гектар дар тамоми ҳавзаи баҳри Арал зери таҳдид мегузорад.
Кӯҳҳои Тоҷикистон яке аз марказҳои ҷаҳонии гуногунии биологӣ мебошанд. Дар ин ҷо захираҳои генетикии беназир — пайвастагии растаниҳои кишоварзӣ (гандум, дарахтони мевадиҳанда ва чормағз) мавҷуданд. Аз даст рафтани ин навъҳо дар натиҷаи тағйирёбии иқлим моро аз «бунёди» табиӣ барои ба вуҷуд овардани навъҳои нави устувор маҳрум месозад.
Дар мутобиқати пурра бо афзалияти дар ҳуҷҷати Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид гуфташуда, ки зарурати «сиёсати мақсаднок ва сафарбар намудани захираҳо»-ро нишон медиҳад, Ҳукумати Тоҷикистон «Барномаи рушди низоми кишоварзӣ ва озуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030»-ро таҳия ва қабул намуд.
Устувории низом дар лаҳзаҳои буҳронӣ санҷида мешавад. Тоҷикистон дар марҳилаи фаъоли бунёди панҷ Маркази бузурги агрологистикӣ қарор дорад. Ин иншоот ҳамчун «амортизаторҳо» кор карда, хоҷагидоронро аз зарбаҳои нархӣ ҳифз мекунанд ва талафоти пас аз ҷамъоварии ҳосилро, ки имрӯз 30%-ро ташкил медиҳад, кам мекунанд.
Муовини Вазири кишоварзӣ аз шарикони рушд даъват ба амал овард, ки аз таҷрибаи лоиҳаҳои кӯтоҳмуддат ва пароканда ба маблағгузории низомии портфелӣ гузаранд. Ин ба ҳадафҳои дарозмуддат ва тавсияҳои дар ҳуҷҷатҳои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид омада мувофиқат мекунад.
Дар идомаи ҷаласа Нигина Анварӣ доир ба дастгирии занон ва ҷавонон ибрози назар намуда, гуфт, ки барномаҳои қарздиҳии хурди сабз бояд тавсеа дода шаванд. Ҳамзамон ба занони кишоварз, ки қисми зиёди қувваи кории деҳоти Тоҷикистонро ташкил дода, дар таъмини амнияти озуқаворӣ дар сатҳи маҳаллӣ нақши калидӣ мебозанд, бояд таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ






