Раймунд Йелле: «Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим нақши муҳим дорад»

Май 13, 2026 14:22

ДУШАНБЕ, 13.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ идома дорад. Дар таърихи кишварҳои Осиёи Марказӣ нахустин маротиба аст, ки чунин чорабинии густурдаи Созмон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Ин аз мавқеии афзояндаи мамлакати мо ва нақши фаъоли он дар пешбурди барномаи рушди устувори ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад. Дар ин конфронс таваҷҷуҳи махсус ба табдилдиҳии системаҳои кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим, буҳронҳои иқтисодӣ ва хатарҳои афзояндаи глобалӣ дода мешавад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо менеҷери минтақавии барномаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Раймунд Йелле оид ба аҳамияти баргузории ин чорабинии байналмилалӣ суҳбат кард.

АМИТ «Ховар»: Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар баланд гардидани устувории системаҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ то чӣ андоза таъсир гузошта метавонад?

Раймунд Йелле: Барномаи минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ 54 кишвари аъзоро дар бар мегирад ва дар ҳар ду сол дар кишварҳои мухталифи минтақа конфронсҳо баргузор мекунад. Конфронс аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ба мо имкон медиҳад афзалияти ду соли оянда, инчунин самтҳои асосии корро муайян кунем. Системаҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ ҳоло зери фишор қарор доранд ва тағйироти минбаъдаро ба сӯи рушди устувор тақозо мекунанд. Аз ин рӯ, устуворӣ яке аз мавзуъҳои асосии конфронс аст.

Мо метавонем тавассути баланд бардоштани устувории системаҳои кишоварзӣ, озуқаворӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ғизои солим ва парҳези мувофиқ ба натиҷаҳо ноил гардем. Омили дигари муҳим баробарии гендерӣ мебошад. Саҳми занон дар системаҳои устувори кишоварзию озуқаворӣ ва кишоварзии устувор муҳим аст. Азбаски соли 2026 Соли байналмилалии занони хоҷагидор эълон шудааст, баргузории чорабинии махсус дар конфронс фурсати арзишманд ва муҳим барои таъкиди саҳми занон ва аҳамияти онҳо дар устувории системаҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ хоҳад буд.

Имрӯз роҳбарони ҳукумат, олимон ва коршиносон бояд фаҳманд, ки системаҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ дар сарҳади миллӣ хотима намеёбанд. Тағйирёбии иқлим дастгирии фаромарзӣ ва амали муштарак талаб мекунад.

Аз ин рӯ, ин фурсати хубест барои кишварҳо, ки ҷамъ омада, масъалаҳои муштаракро баррасӣ мекунанд. Мо дар вазъияти мураккаби геополитикӣ зиндагӣ мекунем. Аз ин рӯ, мо ба муколама ва баҳс ниёз дорем. Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ барои ин имконияти хуб фароҳам меорад.

АМИТ «Ховар»: Маротибаи аввал аст, ки ба Тоҷикистон омадаед ва ё қаблан низ ба ин ҷо сафар доштед?

Раймунд Йелле: Не, сафари ман ба Тоҷикистон маротибаи аввал нест. Пештар ҳам ба кишвари шумо сафар доштам, аммо ин чандин солҳо пеш буд. Дар ин сафарам дидам, ки Тоҷикистон дар муқоиса ба он солҳо ба куллӣ тағйир ёфтааст. Шаҳри Душанбе солҳои охир ба таври назаррас дигаргун шуда, ба маркази муосири маъмурӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст. Кӯчаву хиёбонҳои гулпӯш ва тозаю озодаи он зуд диққати бинандаро ҷалб мекунанд.

АМИТ «Ховар»: Дар хусуси тадбирҳои андешидашуда дар доираи ташаббусҳои глобалии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо чӣ андеша доред?

Раймунд Йелле: Идоракунии захираҳои об барои Тоҷикистон ниҳоят муҳим аст, бахусус бо назардошти он, ки об дар Осиёи Марказӣ манбаи маҳдуд аст. Дар ин замина нақши Президенти Тоҷикистон бебаҳост. Дар айни замон тамоми кишварҳоро зарур аст, ки идоракунии устувори захираҳои обро, ки барои рушди кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва некӯаҳволии умумии инсоният муҳиманд, таъмин намоянд. Ин маънои онро дорад, ки технологияҳо дар соҳаи кишоварзӣ ҷорӣ карда шаванд, то аз як тараф, об сарфа карда шавад ва аз тарафи дигар, истеҳсоли маводи ғизоии мавриди ниёзи аҳолӣ идома ёбад.

АМИТ «Ховар»: Таассуроти шумо аз Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Раймунд Йелле: Таассуроти ман, албатта, хеле хуб аст. Махсусан дигаргуниҳои баамаломада ба ман таассуроти нек бахшиданд. Махсусан Душанберо бо боду ҳавои тоза, пиру ҷавони чеҳрахандону хайрхоҳаш, дарахтони сабзу гулҳои шукуфони кӯчаю хиёбон ва боғҳои рӯҳнавозаш дӯст доштам. Дар ин ҷо маданияти хеле бойи қадимиро дидан мумкин аст. Ин ба ман таассуроти бузург мебахшад. Ба ман хӯрокҳои миллӣ ва меҳмоннавозии тоҷикона хеле писанд омад. Инчунин сабзавоти тарзу тозаи маҳаллӣ, хӯрокҳои биринҷӣ ва махсусан хӯрокҳои миллии аз гӯшти гӯсфанд омодашуда писандам омад. Дар Тоҷикистон шириниҳои лазиз низ бо тарзу услуби хоссаи миллӣ омода карда мешаванд, ки лаззаташон нотакроранд. Тоҷикистон воқеан ҳам як кишвари зеботарини минтақа ва ҷаҳон аст.

Мусоҳиб Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 13, 2026 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд