ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 май, чоршанбе, 140-умин рӯзи соли 2026 аст
20 майи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон ва Покистон Марк Гроссман оид ба масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтугӯи судманд намуданд.
***
20 майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои дигар, ки барои иштирок ба ҳамоиши кишварҳои аъзои Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварда буданд, дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ иштирок намуданд.
***
20 майи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчӯби барномаҳои шарикии стратегӣ ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.
***
20 майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, сипас музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду мамлакат баргузор гардид. Дар мулоқот ҷанбаҳои мубрами робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Қазоқистон, масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ бо Қазоқистон ба таври муфассал муҳокима карда шуданд.
***
20 майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохӯриро неку назаррас арзёбӣ намуданд.
***
20 май соли 2025 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд.
20 МАЙ:
Рӯзи ҷаҳонии метрология.
***
Рӯзи байналмилалии шикастабанд.
***
Рӯзи байналмилалии занбӯри асал.
***
Рӯзи байналмилалии таҳқиқоти клиникӣ.
РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:
20 майи соли 2009 дар арафаи ҷашни 15-солагии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи корхонаҳо оид ба муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази таълимии Идораи асосии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодашавии Маркази азнавтайёркунии мутахассисон дар соҳаи назорати сарҳадӣ баргузор гардид.
***
20 майи соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Кумитаи шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид.
***
20 майи соли 2015 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳбарон ва намояндагони дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии аккредитатсияшуда, ки ба шаҳри Душанбе барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷагирии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 омаданд ва дар он Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд, брифинг ташкил карда шуд.
***
20 майи соли 2023 ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши ҷиу-ҷитсу баргузор гардид. Дар он варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар вазни 27 кг бар ҳама ҳарифонаш ғолиб омада, сазовори медали тилло шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:
Соли 1851 аввлин маротиба дар Канада тамғаи почта бароварда шуд.
***
20 майи соли 1927 Британияи Кабир истиқлолияти Арабистони Саудиро эътироф намуд.
***
20 майи соли 1972–дар Камерун раъйпурсӣ баргузор гардида, ин мамлакат аз давлати федеративӣ ба унитарӣ табдил ёфт.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 май, сешанбе, 139-умин рӯзи соли 2026 аст






