Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 12.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Нишасти мансабдорони аршади Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC)-2026, ки дар Улан-Батор доир гардид, масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Муғулистон дар соҳаи обу энергетика баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар Улан-Батор Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбари Агентии оби Муғулистон Зэнээмядарин Батбаяр мулоқот намуд. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти идоракунии захираҳои об, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳифзи муҳити зист ва мубодилаи таҷриба дар ин самтҳоро баррасӣ намуданд.
Далер Ҷумъа оид ба захираҳои обии мамлакат, сиёсати Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ташаббусҳои байналмилалии ҷумҳурӣ ибрози назар намуд.
Ҷонибҳо ҳамзамон вобаста ба натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки моҳи май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, табодули афкор намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад






