Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд

Июнь 10, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 10.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ (27 июн) бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бозори Корвон плюс» мулоқот доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ бо соҳибкорони бозор вобаста ба таърих ва аҳамияти сулҳ, ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди беназири миллати тоҷик, таблиғи фарҳангу асолати миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳифозат аз арзишҳои соҳибистиқлолӣ суҳбат доир гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён оид ба таърих ва аҳамияти ваҳдати миллӣ сухан намуда, иброз дошт, ки барои мардуми Тоҷикистон ваҳдат арзиши муқаддас ва сарнавиштсоз буда, пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ҳамчун рамзи ягонагӣ ва шоҳиди саҳифаҳои душвору ифтихорманди таърих дар пойдории он саҳми арзанда гузоштааст.

«Ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гаштааст. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи иқтисоди ҷумҳурӣ, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст»,-афзуд Абдураҳим Шоҳиён.

Иброз гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мафкурасоз дар таблиғу ташвиқи арзишҳои соҳибистиқлолӣ нақши муаасир дорад.

Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ бояд дар ниҳоди ҳар як фарди ҷомеа, махсусан насли наврасу ҷавон тарғиб ва ҳифз карда шаванд. Ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, фарҳанг ва генофонди миллӣ, инчунин тарғиби идеологияи солими миллӣ масъулияти ҳамаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба хусус ҳамсафони мост.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Июнь 10, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад