БАТР: «Тоҷикистон суръати баланди фаъолияти сармоягузориро дар минтақа нигоҳ доштааст»
ДУШАНБЕ, 11.06.2026/АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон суръати баланди фаъолияти сармоягузориро нигоҳ дошта, дар қатори иқтисодҳои босуръат рушдёбандаи Осиёи Марказӣ қарор дорад. Чунин омадааст дар гузориши Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) таҳти унвони Regional Economic Prospects 2026, ки моҳи июни соли равон нашр гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бино ба маълумоти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, дар семоҳаи якуми соли 2026 ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳанда яке аз баландтарин сатҳҳо дар минтақа буда, аз татбиқи фаъоли лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва истеҳсолӣ далолат медиҳад.
Барои муқоиса, афзоиши сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ дар ҳамин давра дар Қирғизистон 25,5 фоиз ва дар Қазоқистон 6,4 фоиз-ро ташкил додааст.
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таъкид намудааст, ки фаъолияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳои бузурги давлатии инфрасохторӣ, аз ҷумла идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», рушди бахши саноат ва тавсеаи иқтидорҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ дастгирӣ мегардад.
Суръати баланди афзоиши сармоягузорӣ ҳамзамон бо рушди назарраси истеҳсолоти саноатӣ ҳамроҳ буда, тибқи маълумоти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар семоҳаи якуми соли 2026 –ум 29,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Тамоюли мусбати фаъолияти сармоягузорӣ бозгӯи эътимоди устувор ба иқтисодиёти Тоҷикистон буда, барои ҷалби бештари сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ ба бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид






