Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд

Июнь 7, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 07.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз гармии шадиди моҳи май дар Испания 101 нафар ба ҳалокат расидаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАДЖ.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Испания, аз замони оғози мушоҳидаҳо дар соли 2015 ин рақам рекордӣ аст.

«Ин нишондод аз шумораи миёнаи фавтҳои марбут ба гармӣ дар моҳи май дар даҳсолаи охир 3,6 маротиба зиёдтар аст», — омадааст дар изҳороти матбуотии вазорат.

Ҳукумат аз таъсири ҷиддии гармои шадиди барвақтӣ ба саломатӣ, «ҳатто пеш аз оғози тобистон», ҳушдор медиҳад. Маълумот аз низоми «MoMo» гирифта шудааст, ки ҳолатҳои фавтҳои ҳаррӯзаро дар Испания сабт мекунад. Ин низом шумораи воқеии фавтҳоро бо пешгӯиҳои оморӣ, ки бар асоси маълумоти таърихӣ асос ёфтаанд, муқоиса мекунад.

Дар чанд рӯзи охир дар шаҳрҳои гуногуни Испания, бахусус дар шимоли кишвар гармии зиёд нишондодҳои рекордиро барҳам зад. Тибқи иттилои хадамоти миллии обуҳавошиносӣ «Aemet», сухан дар бораи «гармии ғайримуқаррарии ҳаво барои моҳи май» меравад, ки ба ғайри ин муддати тӯлонӣ идома ёфт.

Дар маҷмуъ, дар натиҷаи гармии шадид дар Испания аз соли 2015 то тобистони соли 2025 27,564 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Соли рекордӣ соли 2022 бо 4,789 фавт ва баъд аз он соли 2025 бо 3,832 фавти марбут ба гармӣ боқӣ мемонад.

Бояд гуфт, ки имрӯз масъалаи тағйирёбии иқлим воқеан на танҳо экологҳо, балки тамоми мардуми оламро ба ташвиш овардааст. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера, ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ ва дар натиҷа ворид гардидани хисороти зиёд ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии давлатҳо- ин ҳама нишонаҳои тағйир ёфтани иқлими сайёра мебошанд. Ҳоло ин мушкилӣ ба яке аз масоили мубрами глобалии сайёра мубаддал гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки 17 августи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҳамоиши сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб таҳти унвони «Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор» иброз намуда буданд, ки «раванди тағйирёбии иқлим имрӯз нишони он аст, ки эҳтимол дар чанд соли оянда вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордӣ гардем».

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 7, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст