Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд, иштирокдорони чорабинӣ нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди давлатдории навини тоҷикон ва пешрафти устувори мамлакат таъкид намуданд.
Иштирокдорон инчунин оид ба аҳамияти сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи асосии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими амният, суботи сиёсӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карданд.
Таъкид гардид, ки маҳз ба шарофати сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, пешниҳодҳои он вобаста ба масъалаҳои глобалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста дастгирӣ меёбанд.
Дар ин замина иштирокдорон аз қабули ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» истиқбол намуда, онро идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва башардӯстонаи Тоҷикистон арзёбӣ карданд.
Тазаккур дода шуд, ки қабули ин қатънома бори дигар нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва эътирофи нақши фаъоли он дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ, таҳкими ҳамкорӣ ва муколамаи созандаро собит намуда, барои густариши талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати тарбияи фарҳанги сулҳ ва ҳамзистии осоишта байни наслҳои оянда заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ изҳор гардид, ки ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои сулҳ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти давлат вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, кормандони соҳаи роҳи оҳан низ дар татбиқи сиёсати созандаи давлату Ҳукумат ва рушди устувори мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






