Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар самти геодезия баррасӣ шуд

Июнь 11, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 11.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 июн дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода бо ҳайати Ҷумҳурии Озарбойҷон, таҳти роҳбарии муовини сардори Хадамоти давлатии масъалаҳои амволи назди Вазорати иқтисод Рустам Шаҳбозов баргузор шуд, ки дар он ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар самти рушди геодезия баррасӣ гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо мушоҳидаи фосилавии замин, табодули таҷриба ва масъалҳои марбут ба соҳаро муҳокима намуданд.

Ориф Хоҷазода иброз дошт, ки мулоқоти имрӯза имконияти хуб барои шиносоӣ аз ҷараёни истеҳсолӣ, системаҳои иттилоотӣ, таҷҳизоти геодезӣ ва таҷрибаи корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хоҳад буд.

Дар баробари ин пешниҳод гардид, ки ҷонибҳо дар доираи муқаррароти Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин ва маълумотҳои ҷуғрофӣ метавонанд, ки вобаста ба рақамикунонии кадастри замин ва бақайдгирии амволи ғайриманқул, таъсис ва рушди инфрасохтори миллии маълумотҳои фазоӣ, идоракунии захираҳои замин, мубодилаи таҷриба дар соҳаи хизматрасониҳои давлатии электронӣ, омода намудан ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳа, баргузор намудани машваратҳои муштарак, барномаҳои омӯзишӣ ва лоиҳаҳои озмоишӣ ҳамкориро тақвият диҳанд.

Муовини сардори Хадамоти давлатии масъалаҳои амволи назди Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Шаҳбозов изҳори омодагӣ намуд, ки дар доираи татбиқи Созишномаи имзошуда, барои рушду тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Инчунин ҳайати Ҷумҳурии Озарбойҷон бо фаъолияти корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ва мавзеъҳои таърихиву сайёҳии Тоҷикистон шинос шуданд.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 11, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид