Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб: «Фарҳанги сулҳ пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик мебошад»
ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат ҷойгоҳи хос дошта, ҳамчун рамзи муттаҳидии миллат ва оғози марҳилаи нави давлатсозӣ таҷлил мегардад. Маҳз ба шарофати ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои пайгиронаи фарзандони содиқи Ватан Тоҷикистон аз гирдоби ихтилофу ҷудоиҳо раҳо ёфта, роҳи рушди устувор ва созандагиро пеш гирифт.
— Дар ин рӯз ёдовар шудан аз ҳидоятҳои ҳикматбори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқи Тоҷикистони азиз бамаврид аст, ки чунин иброз доштанд: «Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун омилҳои муттаҳидсозандаи мардуми тоҷик имкон фароҳам оварданд, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар мамлакатамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад».
Дар ин роҳи пурсаодату раванди тақдирсоз нақши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург ва таърихӣ мебошад. Маҳз бо иродаи қавӣ, сиёсати дурандешона ва талошҳои шабонарӯзии ин фарзанди фарзонаи миллат ҷонибҳои муқобил ба музокирот ҷалб гардида, барои расидан ба сулҳи комил заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Пешвои миллат дар лаҳзаҳои ҳассостарини таърихи давлат масъулияти бузурги роҳбариро ба зимма гирифта, Тоҷикистонро аз хатари нобудӣ наҷот доданд.
Ин сиёсати инсонпарварона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат имкон дод, ки арзишҳои миллӣ эҳё гардида, давлатдории тоҷикон таҳким ёбад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи шоиста дорад. Ин дастовардҳо пеш аз ҳама маҳсули ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва ҳамгироии тамоми қишрҳои ҷомеа мебошанд.
Боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба сифати яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли низоъҳо тавассути гуфтушунид дар таърихи муосир маҳсуб меёбад. Ин таҷриба собит сохтааст, ки ҳатто мушкилтарин ихтилофҳоро метавон бо роҳи муколама, таҳаммул ва эҳтироми манфиатҳои якдигар ҳал намуд. Аз ин рӯ, таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз низ мавриди омӯзиши коршиносони сиёсӣ ва созмонҳои байналмилалӣ қарор дорад.
Аммо набояд фаромӯш кард, ки сулҳу ваҳдат ва ҳамдиливу ҳамбастагӣ дар мамлакат ба осонӣ ба даст наомадааст, он маҳсули ранҷу машаққат, таҳаммул ва хиради сиёсии ин мардуми фарзона мебошад. Мардуми Тоҷикистон барои расидан ба сулҳу оромӣ роҳи пурпечутоберо тай намуда, дар ин ҷода аз имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст. Аз ҳамин лиҳоз, арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдат масъулияти бузург дар назди имрӯз ва фардои давлату миллат маҳсуб меёбад.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «…барои мардуми ҷумҳурӣ ва хусусан, насли ҷавони мо, ки дар шароити сулҳу суботи комил ба воя мерасад, донистану дарк кардани қадру қимати сулҳу ваҳдат ва кӯшишу талоши пайваста ҷиҳати ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳимтарин мебошад».
Ин ҳидояти арзишманд аҳамияти тарбияи шаҳрвандонро дар руҳияи эҳтиром ба сулҳу субот ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол боз ҳам равшантар менамояд.
Дар ин асос имрӯз фарҳанги сулҳ ба яке аз рукнҳои асосии сиёсати давлат ва зиндагии мардуми мамлакат табдил ёфтааст. Маҳз дар заминаи ҳамин фарҳанг арзишҳои таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми гуногунандешӣ ва ҳамзистии осоишта густариш меёбанд.
Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон хотиррасон намуданд: «фарҳанги сулҳ пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик, ифодагари орзуву ормон ва нияту мақсадҳои наҷиби мардуми шарифи мамлакат мебошад». Ин андеша моҳияти аслии сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон ва арзиши волои ваҳдати миллиро ба таври амиқ инъикос менамояд.
Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ рӯ ба рӯ гардидааст, аҳамияти ваҳдати миллӣ боз ҳам бештар эҳсос мешавад. Бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ, густариши низоъҳои минтақавӣ ва таҳаввулоти босуръати ҷаҳонӣ тақозо менамоянд, ки ҷомеаи Тоҷикистон беш аз пеш муттаҳид ва сарҷамъ бошад.
Ваҳдати миллӣ имрӯз ба омили муҳими таҳкими ҳувияти миллӣ табдил ёфтааст. Он мардумро новобаста аз минтақа, ақида ва мансубияти иҷтимоӣ атрофи арзишҳои умумимиллӣ муттаҳид месозад. Ҳифзи ин дастоварди муқаддас вазифаи танҳо давлат набуда, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Ҳар як фарди ҷомеа бояд дар таҳкими фазои дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳми худро гузорад.
Дар ин ҷода нақши ҷавонон ба сифати неруи созанда ва идомадиҳандагони роҳи пурифтихори ниёгон ва соҳибони ин сарзамини куҳан муҳим мебошад. Насли ҷавон ҳамчун идомадиҳандаи роҳи давлатсозӣ бояд моҳияти ваҳдат, истиқлол ва арзишҳои миллиро амиқ дарк намояд. Тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ яке аз кафолатҳои асосии пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ мебошад. Ҷавонони соҳибмаърифат ва дорои ҳисси баланди масъулият метавонанд неруи пешбарандаи ҷомеаи муосир бошанд.
Бояд дар хотир дошт, ки Тоҷикистон аз баракати сулҳу ваҳдат тавонист дар самти эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди илму фарҳанг ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Чунонки дар суханрониҳои Сарвари давлат таъкид мешавад, густариши худшиносӣ ва тарғиби аҳамияти ваҳдати миллӣ дар байни мардум, бахусус ҷавонон, бояд ҳамчун самти муҳимтарини фаъолияти тарбиявӣ ва маърифатӣ боқӣ монад.
Ҳамзамон таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолӣ собит сохт, ки маҳз дар фазои сулҳу ваҳдат имкониятҳои нав барои рушди иқтисоди миллӣ, ҷалби сармоя, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи барномаҳои муҳими иҷтимоӣ фароҳам меоянд.
Дар баробари ин пешрафтҳои аёнӣ, рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши фазои маҷозӣ дар замони муосир масъулияти шаҳрвандонро дар ҳифзи ваҳдати миллӣ бештар намудааст. Дар шароите, ки иттилооти гуногун ва баъзан ғаразнок ба ҷомеа роҳ меёбад, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва фарҳанги иттилоотии шаҳрвандон аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад. Танҳо ҷомеаи дорои ҷаҳонбинии солим метавонад аз таъсири таблиғоти ифротгароёна ва ҷудоиандоз эмин бимонад.
Нақши аҳли зиё, олимон, омӯзгорон ва кормандони фарҳанг дар таҳкими ваҳдати миллӣ ҳамеша муассир боқӣ мемонад. Маҳз онҳо метавонанд тавассути фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ дар ташаккули тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон ва таҳкими арзишҳои давлатдорӣ саҳми арзанда гузоранд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ рисолати зиёиён дар ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа беш аз пеш муҳим гардидааст.
Яке аз омилҳои муҳими пойдории ваҳдат рушди илму маориф мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҷомеаи донишбунёд ҳамеша устувортар ва муттаҳидтар аст. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи давлат ба рушди муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи миллат арзёбӣ мегардад.
Дар ин раванди созандагӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун яке аз марказҳои муҳими илмӣ ва таълимии мамлакат дар татбиқи сиёсати маърифатпарваронаи давлат нақши арзанда дорад. Дар донишгоҳ пайваста чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва тарбиявӣ баргузор гардида, барои тарбияи ҷавонони донишманд, ватандӯст ва худогоҳ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Ин муассисаи бонуфуз дар таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди неруи зеҳнии ҷомеа саҳми назаррас мегузорад.
Мо имрӯз бо ифтихор метавонем изҳор намоем, ки маҳз дар фазои сулҳу ваҳдат Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст. Бунёди садҳо иншооти муҳим, рушди инфрасохтори муосир ва болоравии нуфузи байналмилалии ҷумҳурӣ аз самараҳои бевоситаи ҳамин фазои орому созанда мебошанд.
Аз ин рӯ, ҳифзи ваҳдати миллӣ бояд ҳамчун рисолати доимии ҳар як шаҳрванди мамлакат пазируфта шавад. Танҳо бо такя ба арзишҳои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми манфиатҳои умумимиллӣ ва садоқат ба Ватан метавонем дастовардҳои бузурги сулҳу истиқлолро ҳифз намуда, барои рушди устувори Тоҷикистони азиз заминаҳои боз ҳам мустаҳкамтар фароҳам оварем.
Дар маҷмуъ, Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Он пояи устувори давлат, кафили рушди иқтисодӣ, омили таҳкими ҳувияти миллӣ ва заминаи зиндагии осоиштаи мардум мебошад. Вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳифз ва таҳкими ин неъмати бебаҳо, арҷгузорӣ ба арзишҳои сулҳу субот ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Танҳо дар сурати таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ мо метавонем дастовардҳои имрӯзаи худро ҳифз намуда, барои наслҳои оянда ҷомеаи ободу пешрафта ва давлати нерумандро мерос гузорем.
Мунир САФАРЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор
АКС: АМИТ «Ховар»








РИСОЛАТИ ҶАҲОНИИ СУЛҲОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар ҳошияи қабул гардидани ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон
Ваҳдати миллӣ ҳамчун модели мукаммали сиёсию идеологӣ моҳияти ҳувияти миллии моро ташкил дод
Қабули пешниҳоди навбатии Тоҷикистон аз ҷониби СММ рӯйдоди муҳимми фараҳбахш мебошад
Дар Донишгоҳи миллӣ аз саҳми намоёни Тоҷикистон дар густариши сулҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
НАШЪАМАНДӢ-ВАБОИ АСР. Саломатӣ ва озодиро интихоб намо, на вобастагиро!
ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАРУ СУЛҲПАРВАР — ИҚБОЛИ БАЛАНДИ МИЛЛАТ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар дар ин хусус
Фарҳод Раҳимӣ: «Эмомалӣ Раҳмон дар зеҳни миллӣ ва байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ҳамчун Пешвои сулҳпарвар ва раҳнамои ваҳдат ҷойгоҳ пайдо намудаанд»
Таҷассум ва густариши сиёсати инсонмеҳваронаи Пешвои миллат дар пасманзари қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
35 СОЛИ ПУР АЗ ШАРАФ, ПИРӮЗӢ, ДАСТОВАРД ВА ИФТИХОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ






