Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
ЛАХШ, 09.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар минтақаҳои баландкӯҳи ноҳияи Лахш кишти картошка бомаром идома дорад. То имрӯз дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар 3322 гектар картошка кишт карда шудааст. Ҳамчунин дар заминҳои наздиҳавлигию ёрирасон 2230 гектар кишти картошка гузаронида шуд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ нақшаи кишти картошка дар ноҳияи Лахш 101 фоиз иҷро гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд мудири шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш Маҳмадзариф Воҳидов иттилоъ дод.
Дар ноҳияи Лахш 1618 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, имрӯзҳо аз ҳавои мусоид истифода намуда, корҳои саҳроӣ, аз ҷумла кишти ғалла дар заминҳои лалмӣ, кишти картошка ва сабзавот, шинондани ниҳолҳо ва бунёд намудани боғҳо бомаром идома дорад.
Мувофиқи дурнамои рушди соҳаи кишоварзии ноҳияи Лахш, бе назардошти заминҳои президентӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ имсол дар майдони 6253 гектар гузаронидани кишти зироати кишоварзӣ пешбинӣ шудааст, ки аз он 3322 гектар кишти картошка мебошад.
Сокинони ноҳияи Лахш имсол захираи пурраи тухмии картошкаро доштанд. Танҳо дар сохтори кишоварзӣ 20 ҳазор тонна картошкаи хушсифати тухмӣ захира шуда буд, ки дар мавсими кишт, ноҳияҳои минтақаи Раштро низ бо тухмии картошка таъмин намуданд.
Тибқи иттилои масъулини шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш, мувофиқи боду ҳавои минтақа 60 фоизи кишоварзон картошкаи маҳаллии навъи «Тоҷикистон-24» ва 20 фоизи дигар картошкаи навъи «Сурхоб» мекоранд. Дар заминҳои боқимондаи кишоварзӣ навъҳои гуногуни воридотӣ- «Пикасо», «Манифей», «Аризона» ва дигар намуди тухмиҳо барои таҷриба ва санҷиш кишт карда мешавад.
Дар ноҳияи Лахш айни ҳол 297 трактор ва 21 картокашинонак дар ҳолати корӣ қарор доранд, ки онҳо барои вусъат бахшидан ба рафти кишту кори саҳроӣ, бахусус дар иҷрои нақшаи кишти картошка мусоидат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Лахш 4463 гектар замини корами обӣ ва 1802 гектар замини корами лалмӣ мавҷуд аст, ки самаранок истифода бурда мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






