ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 июн, сешанбе, 166-умин рӯзи соли 2026 аст
15 сол пеш, 16 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир карда, масоили омодагӣ ба таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, истифодаи пурсамари заминҳои корам, таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ ва тайёрӣ ба зимистонро баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.
***
16 июни соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳори деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара боғи фарҳангӣ-фароғатии «Симурғ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Боғ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ромиш Салимов дар масоҳати 7 гектар, бо дарназардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд карда шудааст.
***
Дар ин рӯзи соли 2021 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара майдони Парчами давлатиро мавриди истифода қарор доданд. Майдони Парчами давлатӣ дар доираи таҷлили сазовори ҷашни умумимиллӣ — 30 солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
***
16 июни соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, татбиқи амалии дастуру супоришҳо оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи маводи ғизоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ташриф оварданд.
16 ИЮН:
Рӯзи байналмилалии кӯдакони Африқо.
***
Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ – Рӯзи ҷавонон.
РӮЙДОДҲО:
16 июни соли 2003 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ се лоиҳаи нав оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ба имзо расониданд.
***
16 июни соли 2004 Парлумони Тоҷикистон тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ кард.
***
15 сол пеш, 16 июни соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 34-уми Шӯрои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
16 июни соли 1903 дар Америка Генри Форд ширкати мошинсозии «Форд Мотор»-ро таъсис додааст, ки ҳоло яке аз бонуфузтарин ширкатҳои мошинсозии ҷаҳон мебошад.
***
Дар ин рӯзи соли 1903 аввалин маротиба тамғаи аксизии «Пепси-Кола» ба қайд гирифта шуд.
***
16 июни соли 1842 дар Иёлати Миссисипии Америка аз сабаби ба амал омадани тӯфони сахт зиёда аз 500 нафар ба ҳалокат расиданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1963 аввалин зани кайҳоннаварди ҷаҳон Валентина Терешкова бо киштии кайҳонии «Восток – 6» ба кайҳон парвоз кард.
***
Соли 1982 футболбози англис Брайан Робсон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар бозӣ бо дастаи Франсия аз ҳама голи тезтаринро зад. Ӯ дар сонияи 27-уми бозӣ тӯбро ба дарвозаи ҳарифонаш ворид кард.








Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 июн, душанбе, 166-умин рӯзи соли 2026 аст






