ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 июн, сешанбе, 181-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир ва Вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлатро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуданд.
***
30 июни соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси намояндагони (Вулуси Ҷиргаи) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот раванди ҳамкории байни кишварҳо, ба хусус робитаҳои парлумонӣ, рушди ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсӣ, мудофиа, амният, иқтисод, тиҷорат, илму маориф, васоити ахбори омма ва тандурустӣ, ҳамчунин вазъи имрӯзаи Афғонистони ҳамсоя, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
***
30 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ёвари вақти котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба муборизаи байналмилалӣ бо маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ Вилям Браунфилд ҳамгироии муштарак дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мусоидат ба таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро муҳокима намуданд.
***
30 ИЮН:
Рӯзи байналмилалии астроидҳо
***
Рӯзи байналмилалии парламентаризм.
РӮЙДОДҲО:
30 июни соли 2025 дар Театри давлатии таҷрибавии тамошобинони ҷавони ба номи Муҳаммадҷон Қосимов «Аҳорун» Нахустнамоиши «Ман Таҳминаам…», ки аз рӯи достони «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба саҳна гузошта шудааст, пешниҳод гардид.Намоишнома дар асоси яке аз сужаҳои фоҷиавии эпос — достони Рустам ва Суҳроб тартиб дода шудааст.Коргардони ин намоишнома Музаффар Шарифӣ буда, нақши асосиро ҳунарпеша Суруш Ловӣ, ки аз Фаронса даъват шудааст, иҷро намуд.
***
30 июни соли 2016 «Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» қабул карда шуд.
***
30 июни соли 2010 татбиқи Лоиҳа оид ба ислоҳоти замини Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID), ки барои тақвият ва ҳифзи ҳуқуқи истифодаи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда буд, расман оғоз гардид.
***
30 июни соли 2014 «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои солҳои 2014-2017» тасдиқ гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1940 дар шаҳри Душанбе комбинати гӯшт ба истифода дода шуд.
***
Соли 1944 Академияи илмҳои тибби Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфтааст.
***
Соли 1954 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расиде ба қайд гирифта шуд, ки маблағаш дар ҷаҳон аз ҳама бештар, яъне 4 миллиарду 176 миллиону 969 ҳазору 623 доллар ва 57 сентро ташкил дод.
***
Соли 1964 Моҳтоб аз масоҳати наздиктарин аксбардорӣ шуд.
***
Соли 1994 шумораи маҳбусони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба 1 миллион нафар расид.
***
Соли 1996 дар Англия фиринии (таоме, ки аз биринҷ ё ягон ярмаи дигар бо шириниҳо ва меваҳо пухта мешавад) аз ҳама калонтарин дар ҷаҳон истеҳсол шуд, ки зиёда аз 46 метри мураббаъ масоҳат дошт.
***
Соли 1999 дар Ню-Йорк ҷаласаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баланд бардоштани нуфузи аҳолӣ баргузор гардид.
***
Соли 1894 машҳуртарин кӯпруки Лондон — «Тауэр-бриҷ» ба истифода дода шудааст.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 июн, душанбе, 180-умин рӯзи соли 2026 аст






