Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 08.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Самараи созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба он оварда расонид, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то ба 19 фоиз дар соли 2025 расонида шуда, тибқи арзёбии индикаторҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ин нишондоди макроиқтитсодӣ ва муҳими рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат то ба 10 фоиз паст карда мешавад.
Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ва амалисозии стратегияву барномаҳои қабулгардида дар зарфи солҳои истиқлолият дар мамлакат беш аз 3,3 миллион ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, шароити зиндагии сокинони мамлакат тадриҷан беҳтар шуда истодааст. Аз ҷумла, дар ин давра музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзоиш ёфт. Дар 35 соли соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии ҷумҳурӣ аз 5,5 миллион то 10,7 миллион нафар, яъне 1,9 баробар зиёд гардид ва то соли 2030 аҳолии Тоҷикистон ба 11,5 миллион нафар мерасад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 иброз намуданд, ки : «аз даҳсолаи дуюми даврони истиқлолият рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ оғоз гардида, мо барои расидан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои зиёдро ба анҷом расонидем. Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёти мамлакат дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд».
Дар натиҷаи татбиқи сиёсати самарабахши молияи давлатӣ, аз ҷумла дар самти таъмини суботи молиявӣ, такмили низоми андозбандӣ ва баланд бардоштани самаранокии идораи молияи давлатӣ ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мунтазам афзоиш ёфта истодааст. Яъне дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт. Дар мамлакат зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш ёфт.
Ҳоло Тоҷикистон дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо байни давлатҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ тадбирҳои саривақтӣ андешем.
Дар ин ҷода зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллӣ, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намуда, сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон. Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда барои мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро ба роҳ монда истодааст.
Соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба беш аз 173 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.
Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.
Бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян гардидааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди ҷумҳурӣ беш аз 4,1 миллион ҷойи корӣ таъсису барқарор карда шудааст. Бо мақсади танзими самараноки бозори меҳнат зарурати таҳияи сиёсати фаъоли шуғли аҳолӣ ва механизмҳои самарабахши ташкиливу иқтисодии бунёди ҷойҳои нави корӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ба миён омадааст.
Аз ин рӯ, бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ бояд зери таваҷҷуҳи доимии тамоми сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ қарор дода шавад.
Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.
Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳангоми таҳияи дастовардҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар солҳои охир ва таҷрибаи андухтаи банақшагирии миллии индикативӣ ба инобат гирифта шуда, дар он боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои миллӣ бо назардошти тамоюлҳо ва имкониятҳои нави глобалӣ барои Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи олӣ боқӣ мемонад.
Муҳимтарини онҳо инҳоанд:
- Таъмини истиқлоли энергетикӣ ва самаранок истифода намудани неруи барқ;
- Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба мамлакати транзитӣ;
- Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ бо ғизои хушсифат;
- Саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсул;
- Рушди иқтисоди сабз ва истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва воридотивазкунанда;
- Иқтисоди рақамӣ ва технологияи инноватсионӣ;
- Баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ;
- Рушди босуръати соҳаҳои воқеии иқтисодиёти миллӣ;
- Устувор намудани асосҳои иқтисодиёти институтсионалӣ;
- Рушди сармояи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои бахшти иҷтимоӣ;
- Ташкили фазои мусоид барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ;
- Рушди минбаъдаи мутавозини минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки самаранокии ислоҳоти иқтисодӣ ва дараҷаи ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушди миллиро арзёбӣ намоянд.
Хулоса, нишондиҳандаҳои асосии ҷараёни татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатии қабулгардидаи баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ нишон дод, ки мо ба ҳадафҳо ва вазифаҳои миллии стратегии муайянгардида дар маҷмуъ ноил шудем ва заминаи мусоид барои рушди устувори минбаъдаи иқтисодии мамлакат фароҳам оварда шудааст.
Дар баробари дастовардҳо баъзе нишондиҳандаҳои алоҳидаи барномаҳои қабулгардида бо назардошти паёмади буҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи коронавирус, ҷой доштани мушкилотҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ байни давлатҳо, таъғирёбии ноустувори нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, паст шудани фаъолнокии иқтисодӣ ва таъғирёбии иқлим дар сатҳи зарурӣ иҷро нагардиданд.
Зарур мешуморем, ки вазъи воқеии стратегия ва барномаҳои давлатии амалигардида ва иҷрои сифатноки онҳо мавриди таҳлили ниҳодҳои дахлдор қарор гирифта, дар ҳуҷҷатҳои стратегии навбатӣ мавриди корбарии минбаъда, барои боз ҳам самарабахш татбиқ шудани нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисоди миллии мамлакат заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Зулфия ШОРАҲМАТУЛЛОЕВА,
омӯзгори калони кафедраи фанҳои риёзӣ-табиии
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
АКС: АМИТ «Ховар»








Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид






