ОБЁРИИ ҚАТРАГӢ ЧӢ БАРТАРӢ ДОРАД? Шарҳи коршинос дар ин мавзуъ
ДУШАНБЕ, 05.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. Обёрии қатрагӣ яке аз василаҳои баромадан аз мушкилоти норасоии об маҳсуб мешавад. Таҷрибаи обёрии қатрагӣ нишон дод, ки кишоварзон бо ин усул аз майдони ками замин ҳосили дучанд зиёд ба даст меоранд. Зеро бо ин роҳ обу нуриҳо сарфа шуда, бо меъёри даркорӣ истифода мегарданд. Аллакай, хоҷагиҳо манфиятнокии обёрии қатрагиро мушоҳида намуда, дар парвариши пахтаю полизиҳо, картошкаю сабзавот ва боғот ба ин усул гузашта истодаанд. Фақат моро зарур аст, ки ба ин кор бештар мусоидат кунему монеаҳои мавҷударо аз байн барем. Чунин изҳор намуд президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Амонулло Салимзода.
Амонулло Салимзода таъкид намуд, ки «дар бархе шаҳру ноҳияҳо майдонҳои кишт зиёд карда мешаванд, аммо масъалаи норасоии об ҳалношуда боқӣ мемонад. Дар ин ҳолат нашъунамои зироат осеб дида, дараҷаи ҳосилнокӣ низ коҳиш меёбад. Моро зарур аст, ки аввал ҳаҷми обёрӣ ва баъд масоҳати заминҳои киштро бештар созем. Ба назари ман, сабаби асосии мушкилоти обрасонӣ на камии об, балки идораи нодурусти он мебошад».
«Тоҷикистон дорои обҳои зиёди дарёву кулҳо, обҳои зеризаминӣ ва ғайра мебошад. Яъне, имконияти афзун гардондани ҳаҷми обёрӣ барои кишоварзӣ хеле зиёд аст. Ҳоло бо сабаби нобаробар ҷойгир шудани манбаъҳои обӣ ё ноҳамворӣ қисми ками захираҳои обӣ истифода мешавад. Мушкил дар идораи нодуруст ва обмонии бемеъёр аст»,-гуфт ӯ.
Амонулло Салимзода ин масъаларо шарҳ дода, илова кард, ки дар кишвар хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёд мебошад. Чанд хоҷагӣ мехоҳад якбора дар як вақт оби мавҷудаи шабакаи обёриро истифода барад, ки ин ҳолат сабаби сарборию норасоӣ мегардад. Айни ҳол бо амалӣ гардидани лоиҳаву барномаҳои обёрӣ дастрасӣ ба оби дарёву кулҳо беҳтар гардида истодааст.
«Умедворам, дар ояндаи наздик ба марҳалае мерасем, ки танқисӣ ба оби полизӣ то 90 дарсад аз байн меравад. Зеро ҳар хароҷоте, ки дар обёрӣ сурат мегирад, дар кӯтоҳмуддат пӯшонда мешавад», — иброз дошт президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






