ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 июл, якшанбе, 193-юмин рӯзи соли 2026 аст
12 июли соли 2012 дар Озарбойҷон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии давлатии Озарбойҷон – Ордени Ҳайдар Алиев ва Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо мукофоти олии давлатии Тоҷикистон Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони соҳаи энергетика ва олимону коршиносон машварати корӣ доир намуда, дар назди масъулин доир ба ҷоннок намудани корҳо ва бартарафсозии камбудиҳои мавҷудаи вақт вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
***
12 июли соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модиро, ки бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2019 дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ бо фаъолияти коргарони Кооперативи тиҷоратии «Чашмаи Нуқра» шинос шуданд.
***
12 июли соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар баромадгоҳи нақби нақлиётии рақами 9 (Т-9) аз ҷараёни корҳои сохтмонию васлгарӣ дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои № 1,2,3,4,5 ва 6-и Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошанд, шинос шуданд.
***
12 июли соли 2025 зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич як қатор иншоот ба истифода дода шуд.
12 ИЮЛ:
Рӯзи байналмилалии мубориза ба муқобили тӯфонҳои рег ва чанг.
***
Рӯзи суратгирон.
***
Дар Аргентина – Рӯзи муқимиҳо.
***
Дар Ҷумҳурии Кирибатӣ – Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
12 июли соли 2010 дар мусобиқаи финалии чемпионати ҷаҳон испаниҳо тими мунтахаби Нидерландияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуданд. Ҳамин тариқ чемпионҳои Аврупо аввалин маротиба ба Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол соҳиб гаштанд.
***
12 июли соли 2011 ВАО хабар доданд, ки 11 июл дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк маросими супоридани раёсат дар Гурӯҳи Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) аз Тоҷикистон ба Қазоқистон баргузор гардид.
***
12 июли соли 2012 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 10 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла, Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба имзо расиданд.
***
12 июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҷамъбасти ҳисоботи Лоиҳаи кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо оид ба Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ ҷамъомад баргузор гардид.
***
12 июли соли 2023 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Барои ояндаи босубот ва рушд якҷоя амал мекунем» Форуми байналмиллалии ҷавонон баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1934 дар Белгия ҳарбикунонии ҳизбҳои сиёсӣ манъ карда шуд.
***
Соли 1998 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дастаи Фаронса тими Бразилияро бо ҳисоби 3:0 мағлуб намуд ва чемпиони ҷаҳон шуд
***
Соли 2000 олимони бритониягӣ дар бораи сохтани ваксинае хабар доданд, ки ба одамон барои наҷот ёфтан аз ВНМО (СПИД) бояд кумак менамуд.
***
Соли 2000 дар Аляска заминҷунбии 6,5-балла ба қайд гирифта шуд.
***
Соли 2009 аввалин маротиба зан – Даля Грибаускайте Президенти Литва интихоб гардид.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Тоҷӣ Усмон — соли 1906 — нависанда, рӯзноманигор, дорандаи ордени Нишони фахрӣ, медалҳо, баранда Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 июл, шанбе, 192-юмин рӯзи соли 2026 аст






