ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 июл, душанбе, 194-умин рӯзи соли 2026 аст

Июль 13, 2026 08:00

13 июли соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.

***

 13 июли соли 2001 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, аз намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи вилоят дидан намуданд.

***

13 июли соли 2002 дар шаҳри Душанбе дуюмин конференсияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.

***

13 июли соли 2004 дар ҷараёни сафари дурӯзаи худ ба вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолони вилоят масъалаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар нимсолаи якуми соли 2004-ро баррасӣ намуда, дастоварду проблемаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғдро ҳамаҷониба таҳлил карда, барои беҳтар намудани корҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

***

13 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 3 созишнома, аз ҷумла, Созишнома дар бораи маблағгузории «Лоиҳаи мустаҳкам намудани тартиби ҳифзи иҷтимоӣ» ба имзо расид.

***

13 июли соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон бо Директори генералии ширкати амрикоии «Сокар Фостер Вилер» (Socar Foster Wheeler) Ҷиамперо Тривелла мулоқот анҷом дода,  масоили ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди саноатии нафт дар Тоҷикистонро  баррасӣ намуданд.

***

13 июли соли 2015 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ Форуми кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе муҷассамаи шоир, файласуф, мусиқидон ва чеҳрапардози чирадасти ҳиндӣ Робиндранат Такур расман ифтитоҳ ёфт.

***

13 июли соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Дабири кулли ин созмон Владимир Норовро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот рӯзномаи кори ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои созмон ва масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи ҷашнии Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

13 июли соли 2022 бо мақсади тақвияти фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии он дар дохил ва хориҷи  мамлакат  дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2022 Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 омӯзгори тоҷик, директори «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе» Асҳобиддини Шералӣ сазовори унвони «Беҳтарин омӯзгори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023» гардид.

13 ИЮЛ:

 Дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.

***

Дар Черногория – Рӯзи давлатдорӣ.

РӮЙДОДҲО:

13 июли соли 2002 дар шаҳри Душанбе дуюмин конференсияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1885 дар Амстердам Осорхонаи миллии Голландия ифтитоҳ ёфт.

***

13 июли соли 1923 Парлумони Англия фурӯши машруботи спиртиро ба шахсони аз 18 -сола поён манъ кард.

***

13 июли соли 1935  аввалин Созишномаи тиҷоратӣ байни Иттиҳоди Шуравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  ба имзо расид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1930 дар пойтахти Уругвай – шаҳри  Монтевидео аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол оғоз гардида, 30 июл ба анҷом расид.

***

Соли 2001 пиразани 101-солаи австралиягӣ бо номи Эйми барои давидан ба масофаи 1500 метр рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Ӯ ин масофаро дар 19 дақиқаю 59 сония паси сар намуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Бақо Содиқ —соли 1941-коргардони синамои тоҷик ва узбек, дорандаи ҷоизаҳои кинофестивалҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ. Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон.

Июль 13, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш