ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 июл, душанбе, 201-умин рӯзи соли 2026 аст
20 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони якчанд вазорату идораҳо ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуданд.
***
20 июли соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснакро ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи корхонаи коркарди нафт ба ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав сафар намуданд.
***
20 июли соли 2013 дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави «Капитал» ба кор дароварда шуд, ки ба коркарди нафт ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр машғул аст.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Боку таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид.
***
20 июли соли 2023 дар Тошканд мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, роҳбарони Корхонаи воҳиди давлатии «Ангишти Тоҷик», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қудрат-2010» бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо татбиқи бандҳои Протоколи 10-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, густариши кооператсияи саноатӣ ва ба танзим даровардани содироти ангиштро мавриди баррасӣ қарор доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи якчанд иншооти муҳим ба ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд.
20 ИЮЛ:
Рӯзи байналмилалии шоҳмот.
***
Рӯзи байналмилалии моҳ
***
Рӯзи байналмилалии торт
***
Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар Колумбия.
***
Дар Кипри Шимолӣ — Рӯзи сулҳ ва озодӣ.
РӮЙДОДҲО:
20 июли соли 2003 дар Кения ҳавопаймои Африқои Ҷанубӣ бо сайёҳони амрикоӣ ба садама дучор гардид.
***
Соли 2006 дар шаҳри Душанбе Маркази технологияи иттилоотӣ ифтитоҳ ёфт.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1940 маҷаллаи мусиқии Амрико «Billboard» аввалин рӯйхати сурудҳои машҳурро нашр намуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Дилбар Сулаймонова — соли 1959- ҳунарпешаи театр.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 июл, якшанбе, 200-умин рӯзи соли 2026 аст






