ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 июл, ҷумъа, 184-умин рӯзи соли 2026 аст

Июль 3, 2026 08:00

3 июли соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» ва «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»-ро ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи  соли 2013  Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

***

3 июли соли 2018  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ «Боғи кӯдакон»-ро мавриди истифода қарор доданд. Бегоҳии ҳамон рӯз дар амфитеатри ин боғ, ки дорои 500 ҷойи нишаст мебошад, бо иштироки насли наврасу хушбахти даврони истиқлол ва сарояндагони маҳбуби онҳо барномаи фарҳангию фароғатӣ доир карда шуд.

***

3 июли соли 2018 дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷаласаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

***

3 июли соли 2020 пас аз мавриди истифода қарор додани як зумра иншооти нави таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи зиндагии сокинон, дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи миллии Ваҳдат бо роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҷумҳуриявию вилоятӣ ва фаъолони вилоят мулоқот анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи  ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд.

3 ИЮЛ:

Дар Тоҷикистон — Рӯзи таъсиси мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ.

***

Дар Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — Рӯзи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ.

***

Дар Беларус – Рӯзи Истиқлолият.

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Алҷазоир – Рӯзи Истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

3 июли соли 2020 дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 776 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бинобар Ковид-19  баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Узбекистон муваққатан дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба Ватан баргардонида шуданд.

***

3 июли соли 2022 3 нафар олими тоҷик Самариддин Афғонов, Ҷумахон Файзализода ва Абулҳай Комилӣ академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ интихоб гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2003 Парлумони Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуд, ки он бекор кардани ҳукми қатл барои занонро дар бар мегирифт.

***

3 июли соли 2014 бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии содирот ва сармоягузории Қазоқистон «KAZNET INVEST» дар шаҳри Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид. Дар кори форум зиёда аз 20 ширкати бузурги қазоқӣ аз соҳаҳои мошинсозӣ, химиявӣ, техникаи электронӣ, сохтмонӣ, истеҳсоли қоғаз, дорусозӣ ва маҳсулоти хӯрока иштирок карданд.

***

3 июли соли  2006 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар)-и   вилояти Хатлон Маркази бемориҳои саратоншиносӣ муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

***

3 июли соли 2014 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» Бизнес-форуми дурӯзаи доираи соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии инвеститсионӣ доир ба татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва машварати минтақавӣ доир ба маблағгузории иқлимӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ доир гардид.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1863 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Филиппин қариб 1000 нафар ба ҳалокат расид.

***

Соли 1886  муҳандиси немис Карл Фридрих Бенс аввалин маротиба дар ҷаҳон мошини ихтироънамудаи худро ба намоиш гузошт.

***

Соли 1915  дар Туркия аввалин маротиба пули коғазӣ ба муомилот бароварда шуд.

***

Соли 1928  аввалин телевизион ба фурӯш бароварда шуд, ки 75 доллари америкоӣ арзиш дошт.

***

Соли 1940 — дар Душанбе корхонаи гӯштбарорӣ (Мясокомбинат) таъсис ёфт.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Музаффар Бурҳонов — соли 1941 — раққос ва балетмейстери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ.

Июль 3, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш