Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони осоишгоҳ дар шаҳри Левакант шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 26.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони осоишгоҳ дар деҳаи Зағиртути ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант муаррифӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои осоишгоҳ барои 150 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Дар осоишгоҳ барои истироҳату табобат шароити мусоид фароҳам оварда хоҳад шуд.
Дар атрофи осоишгоҳ майдони теннису баскетбол, ҳавзи шиноварӣ бо атраксионҳо, майдони бозии кӯдакон, фароғати калонсолон ва дигар инфрасохтори зарурӣ сохта мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ, ҷалби мутахассисону коргарони маҳаллӣ ба бунёди иншоот супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншоот дар ҳифзи солимии аҳолӣ, хоса кӯдакон, нақши назаррас хоҳад гузошт.








«ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: СУЛҲУ СУБОТ ВА АМНИЯТИ ҶОМЕА ДАР МЕҲВАРИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ». Бо чунин унвон ҳамоиш доир гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён ба сохтмони корхонаи нави семент санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти се коргоҳи нави истеҳсолии ҶДММ «Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бинои нозироти андоз ва бинои нави иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ба фаъолияти корхонаи истеҳсолии «Хишти диёр» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияҳои Ёвон ва Хуросон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






