Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Ғиҷовак шинос шуданд

Август 26, 2026 13:06

ДУШАНБЕ, 26.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. Пас аз боздид аз муассисаи таҳсилоти томактабии «Зирамоҳ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни кӯдакистон ба таври фосилавӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Ғиҷовак шинос шуданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимиро дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 ба истифода доданд.

Бинои нав барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз 13 синфхона иборат мебошад. Синфхонаҳои иловагӣ асосан барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ сохта шудаанд. Дар муассиса 17 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд. Ба истифода додани бинои иловагии таълимӣ имкониятҳои муассисаро васеъ намуда, барои таҳсили хонандагон дар шароити муносиб заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ аз ҳолати роҳҳои ҳудуди деҳаи Ғиҷовак шинос шуданд.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ роҳҳои ҳудуди деҳа ба масофаи 8 километр мумфарш карда шудаанд.

Дар идома ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои бинои хобгоҳ барои омӯзгорон, Қасри фарҳанг ва Маҷмааи варзиш, ки аз меҳмонхона, ошхона, ҳуҷраҳои варзишӣ ва майдончаҳо барои бозии футбол волейбол ва баскетбол сохта мешаванд, муаррифӣ карда шуд.

Бинои хобгоҳ аз панҷ ошёна иборат буда, барои истиқомати 9 оила пешбинӣ шудааст. Бунёди он барои беҳтар намудани шароити иҷтимоиву маишии омӯзгорон ва таъмини онҳо бо манзили зисти муносиб равона гардидааст. Фароҳам овардани чунин шароит барои ҷалби мутахассисони соҳаи маориф ва фаъолияти самараноки онҳо дар маҳал заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Қасри фарҳанг дар қисмати болоии деҳа сохта шуда, дорои толор бо 500 ҷойи нишаст, 8 ҳуҷраи корӣ ва китобхона хоҳад буд. Иншоот барои баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди Маҷмааи варзиш, меҳмонхона, ошхона ва майдончаҳои варзишӣ дар деҳаи Ғиҷовак шинос шуданд.

Иншооти мазкур барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди намудҳои гуногуни варзиш пешбинӣ шуда, барои баргузории машғулиятҳо ва чорабиниҳои варзишӣ имкониятҳои зарурӣ фароҳам меоранд.

Роҳбари давлат ба масъулин дастур доданд, ки бинои хобгоҳи омӯзгорон ва Қасри фарҳанг дар муҳлати як сол ва Маҷмааи варзишӣ, меҳмонхона, ошхона ва майдончаҳои варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол дар ду соли оянда бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шаванд.

Татбиқи ин лоиҳаҳо ва идомаи корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Ғиҷовак ба рушди инфрасохтори маҳал, беҳтар гардидани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои сокинон мусоидат хоҳад кард.

Август 26, 2026 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муассисаи томактабии «Зирамоҳ»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии «Орзу»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: СУЛҲУ СУБОТ ВА АМНИЯТИ ҶОМЕА ДАР МЕҲВАРИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ». Бо чунин унвон ҳамоиш доир гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара майдонҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Маркази ташхисии минтақавии Агентии «Тоҷикстандарт»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Нозироти андозро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара 3 корхонаи саноатиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли равғанро ифтитоҳ намуданд