ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, якшанбе, 228-умин рӯзи соли 2026 аст

Август 16, 2026 08:00

16 августи соли 2011 дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорон ба номи Тутишо Назришоев мавриди истифода қарор дода шуд.

***

16 августи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, муовини мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ребека Гринспанро ба ҳузур пазируфтанд.

***

16 август соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои навбунёди хуштарҳу замонавии Кӯдакистони рақами 1 ва бинои шуъбаи маорифро мавриди истифода қарор доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Себзор» шинос шуда, дар деҳаи Наҷини ноҳия хонаҳои навбунёдро, ки барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида бунёд гардидаанд, ба истифода доданд.

***

16 августи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бинои нави маъмурии шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, бинои нави маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва бинои истиқоматии 5-ошёнаро, ки барои хизматчиёни давлатӣ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор дода, дар маркази ноҳия бо роҳбарону фаъолон мулоқот намуданд.

***

16 августи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон, истифодаи мақсадноки заминҳои корам, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини талаботи бозорҳои пойтахти кишвар бо маводи ғизоии хушсифати ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

16 АВГУСТ:

Рӯзи ҷаҳонии чархбол.

***

Дар Қазоқистон–Рӯзи варзиш.

***

Дар Аргентина –Рӯзи кӯдакон.

***

Дар Таиланд–Рӯзи сулҳ.

РӮЙДОДҲО:

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) муҳокима гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 дар Душанбе вазъ ва дурнамои равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуд.

***

16 августи соли 2021 дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1857 дар Канада ба маҳбас кашидани қарздорон бекор карда шуд.

***

Соли 1906 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Чили зиёда аз  1 ҳазору 500 нафар ба ҳалокат расида, 100 ҳазор нафар бесарпаноҳ монданд.

***

Соли 1924 байни Нидерландия ва  Туркия Созишномаи сулҳ ба имзо расид.

***

Соли 1930 аввалин филми тасвирии овоздор ва ранга ба навор гирифта шуд.

***

Соли 1960 Академияи байналмилалии кайҳоннавардӣ таъсис дода шуд.

***

Соли 1998  дар Лондон калонтарин макарон истеҳсол шудааст, ки зиёда аз  270 килограмм вазн дошт.

 

Август 16, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, шанбе, 227-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, ҷумъа, 226-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, панҷшанбе, 225-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, чоршанбе, 224-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, сешанбе, 223-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, душанбе, 222-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, якшанбе, 221-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 август, шанбе, 220-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 август, ҷумъа, 219-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 август, панҷшанбе, 218-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, чоршанбе, 217-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, сешанбе, 216-умин рӯзи соли 2026 аст