ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, душанбе, 229-умин рӯзи соли 2026 аст

Август 17, 2026 08:00

17 августи соли 2006 дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин аз густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуданд.

***

17 августи соли 2011 дар ситод-қароргоҳи Шурои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Бухарести Руминия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо-Пешвои асри XXI сарфароз гардонида шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров суҳбати телефонӣ намуда, ӯро бо ҷашни 80- солагии зодрӯз табрику шодбош гуфта, барои хизматҳои шоёнаш дар пешрафти насру назм ва драматургияи муосири тоҷик арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.

***

17 августи соли 2016  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷумро даъват намуда, ба он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» — ро барои баррасӣ пешниҳод намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Узбекистон- Ордени «Эл Юрт Ҳурматӣ» сарфароз гардонида шуданд.

***

17 августи соли 2020 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансур дар ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102 ва Дарси сулҳ иштирок намуданд.

***

17 августи соли 2023 дар шаҳри Хоруғ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суман», Беморхона-дармонгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сандал» коргоҳи истеҳсоли мебел, бинои истиқоматии 12-ошёна ва корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлиро ифтитоҳ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023  дар шаҳри Хоруғ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдакону наврасони ятиму дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот ва  ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

17 АВГУСТ:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

***

Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони роҳи оҳан.

***

Дар Индонезия – Рӯзи истиқлол.

РӮЙДОДҲО:

17 августи соли 1948 Иттифоқи композиторони Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Тошканд Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии миллии иттилоотии Узбекистон «УзА» ба имзо расид.

***

17 августи соли 2023 дар нахустин бозии дӯстона байни дастаҳои «Араз-Нахчивон» (Озарбойҷон) ва «Истиқлол» футзалбозони Тоҷикистон пирӯз шуданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1858 аввалин маротиба байни Амрико ва Аврупо алоқаи телеграфӣ пайваст карда шуд.

***

Соли 1916 дар Олмон барои фурӯши гӯшт меъёр муқаррар карда шуд.

***

 Соли 1916 Руминия барои пайвастан бо Антанта розӣ шуд.

***

Соли 1922 дар Ню-Йорк калонтарин толори рақсӣ дар таърихи ҷаҳон ифтитоҳ гардидааст.

***

 Соли 1943 Португалия ба Англия иҷозат дод, ки Ҷазираи Азорро ҳамчун пойгоҳи авиатсионӣ истифода барад.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Темур Зулфиқоров-соли 1936— шоир, романнавис, воқеанигор ва намоишноманависи русзабони тоҷик, аъзои Иттиҳоди нависандагони Русия.

Август 17, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, якшанбе, 228-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, шанбе, 227-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, ҷумъа, 226-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, панҷшанбе, 225-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, чоршанбе, 224-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, сешанбе, 223-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, душанбе, 222-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, якшанбе, 221-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 август, шанбе, 220-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 август, ҷумъа, 219-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 август, панҷшанбе, 218-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, чоршанбе, 217-умин рӯзи соли 2026 аст