ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, сешанбе, 230-юмин рӯзи соли 2026 аст

Август 18, 2026 08:00

18 августи соли 2010 дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Федератсияи Русия Дмитрий Медведов масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва робитаҳои минтақавию дӯстии ду давлатро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ намуда, дар ҳамон ҷо бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоту суҳбати самимӣ ва созанда доир намуданд.

***

18 августи соли 2018 дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Самарқанд рафта, бо мавзеъҳои таърихию муқаддаси ин шаҳри қадимӣ шинос шуданд.

***

18 августи соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони гуногункасб, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

***

18 августи соли 2023 дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Мурғоб дар масоҳати 10 гектар Маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ бунёд карда шуд.

18 АВГУСТ:

Рӯзи дӯстони беҳтарин

***

Рӯзи ҷаҳонии таҳқиқоти саратони ғадуди шир.

***

Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони соҳаи тиб.

***

Дар Қирғизистон – Рӯзи авиатсияи ҳарбӣ

***

Дар Қазоқистон –Рӯзи қӯшунҳои сарҳадӣ.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи қӯшунҳои сарҳадӣ

РӮЙДОДҲО:

18 августи соли 1965 экспедитсияи археологии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар саргаҳи дарёи Зарафшон ба кор оғоз кард.

***

18 августи соли 2010 масоили ҳамкории вақт ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баррасӣ шуданд.

***

18 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе мулоқоти навбатии вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай  баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1855 Ватикан назорати соҳаи маориф  ва  бақайдгирии ақди никоҳро дар Вена пурра ба зимма гирифт.

***

Соли 1700  дар Шветсия баъди гуфтушунид Копенгаген, Дания ва Шветсия шартномаи сеҷонибаи сулҳро ба имзо расониданд.

***

Соли 1965  вертолёти Ка-26 аввалин маротиба парвоз анҷом дод.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Назри Яздонӣ -1949- шоир, тарҷумон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1988), Шоири халқии Тоҷикистон (2014).

Август 18, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, душанбе, 229-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, якшанбе, 228-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, шанбе, 227-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, ҷумъа, 226-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, панҷшанбе, 225-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, чоршанбе, 224-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, сешанбе, 223-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, душанбе, 222-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, якшанбе, 221-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 август, шанбе, 220-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 август, ҷумъа, 219-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 август, панҷшанбе, 218-умин рӯзи соли 2026 аст