ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, чоршанбе, 231-умин рӯзи соли 2026 аст
19 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб 200 нафар кормандони соҳаҳои фарҳанг, адабиёт ва иттилоотро ба истиқболи 20–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардониданд.
***
19 августи соли 2011 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон эътимоднома супориданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар Душанбе дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ Гян Чандра Ачария масоили ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика ва нақлиёту коммуникатсия баррасӣ гардид.
***
19 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Шурои ҷаҳонии об Бенедитто Брага аз ҳамкории бисёрсолаи созанда ва пурсамари Тоҷикистон ва Шурои ҷаҳонии об изҳори қаноатмандӣ намуданд.
***
19 августи соли 2019 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Ҷин Личунро ба ҳузур пазируфтанд. Таъкид гардид, ки қариб панҷ сол аст Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ дар сармоягузории лоиҳаҳои сершумори сармоягузорӣ дар самти бунёди инфрасохтор дар давлатҳои Осиё саҳм гузошта, барои Тоҷикистон низ шарики боэътимоди рушд ба ҳисоб меравад.
***
19 августи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз бинои нави Суди ноҳия, Парки инноватсионии саноатию технологӣ, Боғи нави фарҳангӣ-фароғатиро ба истифода дода, дар мавзеи дашти Лучи ноҳия барои сохтмони канали обрасон ва дар деҳаи Умараки ноҳия ба Мактаби президентӣ санги асос гузоштанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 55 нафар ятими кулл ва маъюб, ки тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд, мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сазовор таҷлил намудани 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим бинои замонавии Нозироти андози ноҳия ифтитоҳ гардид.
***
19 августи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар бинои нави Дастаи алоҳидаи таъйиноти махсуси милитсия «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо ба истифода доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
19 АВГУСТ:
Рӯзи байналмилалии акс.
***
Рӯзи ҷаҳонии кумаки башардӯстона.
РӮЙДОДҲО:
19 августи соли 2022 ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1848 рӯзномаи «The New York Herald» аввалин хабарро дар бораи пайдо шудани тилло дар Калифорния нашр намуд.
***
Соли 1973 дар Юнон монархия расман бекор карда шуд.
***
Соли 1980 дар фурудгоҳи Ар-Риёз (Арабистони Саудӣ) ҳавопаймо оташ гирифт, ки дар натиҷа 301 нафар ба ҳалокат расиданд.
***
Соли 1922 дар Иттиҳоди Шуравӣ аввалин шумораи маҷаллаи «Милитсия» нашр шуд.
***
Соли 2004 ширкати «Google» тахфифҳои худро ба бозор баровард.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Саидалӣ Гулов, соли 1954 — доктори илмҳои биология (1998), профессор (2001), дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2014), узви пайвастаи Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (2014). Аълочии маорифи Тоҷикистон (2003), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2011).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, сешанбе, 230-юмин рӯзи соли 2026 аст






