ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, шанбе, 241-умин рӯзи соли 2026 аст
29 августи соли 2008 дар шаҳри Душанбе баъди анҷоми мулоқоти расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иртиботи оммаи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи бузурги истеҳсоли семент ба истифода дода шуд.
***
29 августи соли 2016 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони гуногункасбро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардониданд.
***
29 августи соли 2019 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони гуногункасб, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.
***
29 августи соли 2024 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони гуногункасб, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ тақдим намуданд.
29 АВГУСТ:
Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди амали санҷишҳои ядроӣ.
***
Дар Ҳиндустон–Рӯзи варзиш.
***
Дар Аргентина – Рӯзи ҳуқуқшиносон.
***
Дар Украина – Рӯзи авиатсия.
РӮЙДОДҲО:
Соли 1990 аввалин шумораи рӯзномаи «Садои мардум» нашр шуд.
***
29 августи соли 2013 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳои «Қазоқистон дар замони муосир» баргузор гардид.
***
29 августи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии ҷавонону донишҷӯёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе мутобиқи барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбекистон машваратҳои консулӣ доир шуданд.
***
29 августи соли 2019 дар Москва ҷаласаи Шурои коршиносони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
29 августи соли 2023 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Давлати Фаластин Риёз Ал-Моликӣ баргузор гардид. Дар музокирот масъалаҳои ҳамкории мутақобили судманд байни ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1793 дар Санто-Доминго – пойтахти Ҷумҳурии Доминикан ғуломӣ манъ карда шуд.
***
Соли 1949 Иттиҳоди Шуравӣ аввалин санҷиши бомбаи атомиро гузаронид.
***
Соли 1954 Фурудгоҳи байналмилалии Сан-Франсиско ифтитоҳ гардид.
***
Соли 1936 дар Британияи Кабир аввалин маротиба пахши мустақими мусобиқаи футбол байни клубҳои «Арсенал» ва «Эвертон» ба роҳ монда шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Маҳмадӣ Мирзоалиев, соли 1949 — ҳунарманди Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, панҷшанбе, 239-умин рӯзи соли 2026 аст






