Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 24.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Ҳисор вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҳисор 7 Сурайё Дӯстмуродзода бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳр вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки кормандони соҳаи тиб бояд дар баробари дониши касбӣ дорои фарҳанги баланди муошират, масъулияти шаҳрвандӣ, меҳрубонӣ ва эҳтиром ба бемор бошанд. Зеро барои бемор сухани нек, муносибати самимӣ ва умеди табиб низ метавонад бахше аз раванди табобат гардад.
Вакили Маҷлиси намояндагон дар вохӯрӣ аз дастовардҳои соҳаи тандурустии мамлакат ёдовар шуда, оид ба таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафт, татбиқи технологияҳои муосири соҳаи тандурустӣ ибрози андеша намуд.
Аз ҳозирин даъват шуд, ки барои таҳкими Истиқлоли давлатӣ саҳм гузоранд. Инчунин гуфта шуд, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин неъмат барои миллати тоҷик мебошад, ки имсол мардуми шарифи мамлакат 35-солагии ин рӯйдоди фарраҳбахшу таърихиро дар фазои сулҳу субот таҷлил менамоянд.
Таъкид гардид, ки вазъи имрӯзи ҷаҳон моро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар ба моҳияти истиқлолу ваҳдати миллӣ расем ва фарзандонро дар ин руҳия тарбия намоем.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд






