Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд

Август 24, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 24.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз вохӯрии вакилон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори иқтисоди миллӣ ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа андешаронӣ карда шуд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик танҳо ба даст овардани соҳибихтиёрии сиёсӣ набуда, балки оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, эҳёи худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди ҳамаҷонибаи мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар ин давра Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол роҳи созандагӣ ва рушди устуворро пеш гирифта, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ободонии шаҳру ноҳияҳо ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар тадбирҳои пайваста амалӣ гардиданд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, бунёду таҷдиди иншооти муҳими давлатӣ ва иҷтимоӣ, рушди инфрасохтор, беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия, рушди муассисаҳои тандурустӣ ва фарҳангӣ, инчунин ободонии шаҳру ноҳияҳо ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат табдил ёфтааст.

Дар идомаи вохӯрӣ нақши сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат муҳим арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон ба нақши ҷавонон дар рушди минбаъдаи давлат, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва идомаи корҳои созандагӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки насли ҷавон бояд дастовардҳои даврони истиқлолро қадр намуда, бо дониш, меҳнати софдилона ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузорад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 24, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд