Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта бошад, ҳоло шумораи онҳо аз 4 ҳазор гузашта, беш аз 11 баробар зиёд гардидааст. То охири сол дар Тоҷикистон таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръат ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшида, онро ба яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисоди миллӣ табдил дод.
Таъкид шуд, ки дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 4,1 миллиард сомонии соли 2000 ба 66,4 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расида, 16 баробар афзоиш ёфтааст. Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 85 номгӯй маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешуд. Ҳоло ин нишондиҳанда аз 1400 гузашта, беш аз 16 баробар зиёд гардидааст. Дар баробари рушди бомароми соҳаҳои истихроҷу коркарди маъдан, металлургия, мошинсозӣ, кимиё, хӯрокворӣ, саноати сабук ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон якчанд самти нави истеҳсолӣ низ ташаккул ёфтааст. Аз ҷумла, истеҳсоли консентрати сурб, руҳ, сурма ва мис, металлҳои алоҳида, доруворӣ, техникаи кишоварзӣ, воситаҳои нақлиёт, техникаи маишӣ, маҳсулоти кабелӣ ва масолеҳи нави сохтмон ба роҳ монда шуд.
«Дар замони истиқлол дар кишвар бори аввал истеҳсолу содироти мис ба роҳ монда шуда, аз соли оянда истеҳсоли оҳан низ оғоз мегардад. Танҳо дар даҳ соли охир ба маблағи 163 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол шудааст. Аз ин бармеояд, ки Тоҷикистон тавассути саноатикунонии босуръат ба кишвари истеҳсолкунанда ва содироткунандаи маҳсулоти саноатии рақобатнок табдил меёбад. Рушди саноат, дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум аз таъминоти боэътимоди неруи барқ вобаста мебошад», — таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад






