Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд

Сентябрь 10, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 10.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Олимони Ҳиндустон таҳти роҳбарии профессор Рамакант Двидевӣ-роҳбари Маркази таҳқиқоти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти MERI – (Marine Engineering And Research Institute) ва директори Бунёди Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ (ICAF — Indian-Central Asia Foundation), ки бо сафари омӯзишӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, зимни тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддун, фарҳанги бостонӣ ва мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки меҳмонон зимни сайри осорхонавӣ бо таърихи бисёрасраи халқи тоҷик, марҳилаҳои муҳимми ташаккули давлатдорӣ, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон, инчунин бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ ва намунаҳои арзишманди мероси моддию маънавии Тоҷикистон шинос шуданд.

Зимни боздид ба меҳмонон ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ, аз ҷумла осори марбут ба ёдгориҳои Саразм, Панҷакенти қадим, Тахти Сангин, Аҷинатеппа ва дигар мавзеъҳои таърихию бостоншиносии тоҷикон муаррифӣ шуданд. Ҳамчунин меҳмонон бо осори нодири санъати тасвирӣ, санъати амалӣ ва дигар бахшҳои мероси фарҳангии халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Боздиди мазкур дар доираи таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангию илмӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон доир шуда, барои шиносоии амиқтари олимону мутахассисони Ҳиндустон бо таъриху тамаддуни бостонӣ ва мероси ғании фарҳангии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 10, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд