ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 сентябр, шанбе, 255-умин рӯзи соли 2026 аст
12 сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва собиқ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев масоил оид ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду мамлакатро баррасӣ намуданд.
***
12 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе пас аз анҷоми ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай якчанд санади нав ба имзо расиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар маркази шаҳраки Зафаробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки сокинону меҳмонони зиёди ноҳия дар вазъияти тантанавӣ аз болои муҷассамаи нахустин бунёдгузори давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардошта, Парчами миллиро боло бардоштанд.
***
12 сентябри соли 2022 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон хонум Соҳиба Ғаффороваро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ карда шуд.
***
12 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот доир намуданд.
***
12 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бинои навбунёди Қасри фарҳангро мавриди истифода қарор доданд.
***
12 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бо ҷараёни бунёди маҳаллаи нав дар деҳаи Сафедмуни Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об шинос шуданд.
12 СЕНТЯБР:
Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории мигрен.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 1959 аз космодроми Байконур дастгоҳи байнисайёравии худкори «Луна-2» ба кайҳон фиристода шуд.
***
12 сентябри соли 1968 Албания расман аз Созмони аҳдномаи Варшава баромад.
***
12 сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон созишномаи байниҳукуматӣ доир ба кашидани лӯлаи интиқоли гази табиӣ аз Туркманистон ба Чин тавассути қаламрави Тоҷикистон ба имзо расид.
***
12 сентябри соли 2014 Ҳиндустон ва Покистон барои аъзои комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай шудан аризаи расмӣ пешниҳод карданд.
***
12 сентябри соли 2014 дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе масоил оид ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои нозир, тартиби қабули аъзои нав ба созмон ва дигар масоили муҳим баррасӣ шуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2011 дар шаҳри Душанбе дуюмин Форуми байналмилалии самаранокии неруи барқ баргузор гардид.
***
Соли 1910 дар Лос-Анҷелес Алиса Уэлс дар ҷаҳон аввалин зан-афсари политсия интихоб гардид.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 сентябр, ҷумъа, 254-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, душанбе, 243-юмин рӯзи соли 2026 аст






