ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, чоршанбе, 245-умин рӯзи соли 2026 аст
2 сентябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 17-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба шумораи зиёди шахсоне, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа хизматҳои шоёни таҳсин кардаанд, мукофотҳои давлатӣ супориданд.
***
2 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сеюми сарони давлатҳои «Чоргонаи Душанбе» — Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия баргузор гардид, ки дар он сарони давлатҳои «Чоргонаи Душанбе» масоили ҳамкории минтақавии чор давлат дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро баррасӣ намуданд.
***
2 сентябри соли 2015 дар шаҳри Пекин Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи техникӣ-иқтисодӣ ба имзо расид.
***
2 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд.
***
2 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд.
2 СЕНТЯБР:
Дар Ветнам – Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Русия – Рӯзи гвардия.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 1939 дар Британия Кабир қонун дар бораи хизмати миллӣ дар армия барои мардони аз 18 то 41-сола қабул гардид.
***
2 сентябри соли 1993 Узбекистон дар бораи то соли 2000 иваз намудани ҳуруфоти худ аз кирилӣ ба лотинӣ эълон нашр намуд.
***
2 сентябри соли 1940 нишони фарқкунандаи маршалҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ- «Ситораи маршал» таъсис дода шуд.
***
2 сентябри соли 2009 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аввалин ҷаласаи якҷояи минтақавии комиссияҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаҳои наздисарҳадӣ баргузор гардид.
***
2 сентябри соли 2017 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти ширкати технологии «Хуавей» хонум Лин Жуйтси масоил оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи телерадиокоммуникатсия баррасӣ гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1931 дар шаҳри Хоруғ аввалин шумораи рӯзномаи вилоятии «Бадахшони Сурх» нашр шуд.
***
Соли 1958 дар Чин аввалин стансияи телевизионӣ ба фаъолият оғоз кард.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Сотим Улуғзода— соли 1911— нависандаи муосири тоҷик, Нависандаи халқии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1951), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, сешанбе, 244-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, душанбе, 243-юмин рӯзи соли 2026 аст






