Ҳамкории фарҳангиву ҳунарии донишгоҳҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон беҳтар мегардад

Январь 8, 2016 11:22

Душанбе, 08.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар нишасти раисони донишгоҳҳои ҳунарии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО), ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии фарҳанг ва ҳунари ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Туркия иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ роҳбарони ҳайатҳо дар мавриди сатҳу сифати ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви ЭКО сухан гуфтанд.
Дар ҳамоиши мазкур ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Д. Латипов оид ба ҳамкорӣ миёни таълимгоҳҳои ҳунарии Тоҷикистону Эрон ва самтҳои афзалиятноки рушди он сухан карда, «Муаррифӣ»-и ДДФСТ ба номи М.Турсунсоза ба аҳли толор пешкаш шуда, сипас дар интиҳои ҷаласа тафоҳумнома ба имзо расонида шуд, ки ба густариши ҳамкории минбаъдаи фарҳангиву ҳунарии донишгоҳҳои фарҳанг ва ҳунар мусоидат менамояд.
Бино ба гуфтаи ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Д. Латипов дар маҷмӯъ сафари мазкур бо назардошти тадбирҳои амалигардида судманд ва манфиатнок анҷом пазируфта, ҳадафи асосии сафар ба имзо расонидани тафоҳумнома байни ДДФСТ ба номи М. Турсунзода ва Донишгоҳи ҳунарии шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон арзёбӣ мешавад.

Январь 8, 2016 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид